КОРОНАВИРУС, ҶАСОРАТ ВА НАНГУ НОМУС. Чанд сатр дар ҳошияи хабари расмӣ оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони соҳаи тибби кишвар

Август 18, 2020 20:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аллакай  хабар додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 август, дар рӯзи Иди касбии табибон бо намояндагони соҳаи тибби кишвар мулоқот карда, ба як қатор кормандони соҳа, ки дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, мукофотҳои давлатӣ супориданд. 53 нафар кормандони соҳаи тиб бо Фармони Президенти мамлакат бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, медали «Хизмати шоиста»,  медали «Шафқат» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Хабари расмӣ

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳншавӣ ва паёмадҳои бемории сироятии нави короновирус COVID-19 андешаронӣ карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии кишварамон махсус зикр намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватанпарварию инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан ба табибону ҳамшираҳои шафқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор орзу карданд:

«Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам!».

Як мушоҳида

Дар ҷараёни мулоқот бо табибон Пешвои миллат  табиби ҷавонеро дар байни аҳли толор ҷӯё шуданд ва пайдо карданд ва назди баландгӯяк хостанд. Ин ҷавон дар аввали моҳи май дар як муроҷиати видеоияш аз табибони ҳозиқу меҳрубон ва ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз табибоне интиқод карда буд, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намуданд.

Эҳсос карда мешуд, ки Сарвари давлат аз муроҷиати ин табиб ба риққат омадаанд. «Ман махсус хостам ин табибро ҳатман ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ намоянд ва ба ин мулоқот даъват кунанд», — гуфтанд Пешвои миллат.

Табиби ҷавон,  Муҳаммадҷон Ҳусейнов, фелдшери шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и Беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе, қисса кард, ки падарашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ  аз даст додааст, ҳамроҳи модару бародараш дар хонаи мардум мезист ва  бинобар ин, баъди хатми Коллеҷи тиббии Душанбе ӯ натавонист таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ идома бидиҳад ва ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ  рафта, се сол мардикорӣ кард ва омада як хонаи барак  (манзили муваққатии нимсозу нимвайрона) харид, то модару бародарашро пеши худ биорад. Ӯ гуфт, ки ҳоло 31-сола аст,  собиқаи  ҳафтсолаи корӣ ва ҳамсару  як фарзанд дорад.

Пешвои миллат дар ин мулоқот ба шахсони масъул супориш доданд, ки ба ин табиби ҷавон, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касбаш нишон дод, барои идома додани таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ ва соҳиби манзили истиқоматӣ ва ҷои кори муносиб шудан кумак кунанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали «Шафқат» қадр карда шуд. Мукофоти давлатиро Пешвои миллат шахсан ба ӯ супориданд.

«Ин хел ватандӯстон бо як сухан ё амалашон ҳазорон нафарро аз қафои худ мебаранд, ҳазорҳо нафарро ба нангу  номус меоранд», — гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ин табиб.

Вақте Сарвари давлат аз кори ин табиб ситоиш мекарданд, аз чашмони  ҷавон беихтиёр қатраҳои ашк рӯи рухсораҳояш шориданд…

Руҷуъ

Хотиррасон менамоем, ин табиби ҷавон, ки дар тан либосҳои муҳофизатӣ дорад, рӯзи 4 май дар шабаки интернетии «Ютуб»  муроҷиатномаеро нашр  намуда,  дар он ба ҳамаи табибоне, ки дар ин рӯзҳои сахт дар паҳлуи мардум истодаанд, изҳори сипос кард. Ӯ кафшеро рӯи даст мегирад ва мегӯяд, агар ин кафши шумост, ман онро бӯса мезанам. Сипас кафшро болои сар мегузорад ва мегӯяд, агар ин кафши шумост, ман онро болои сар мегузорам ва ба якоякатон ташаккур мегӯям.

Табиби ҷавон як ҳамкори солхӯрдаашро наздаш даъват мекунад ва мегӯяд: «Ин мард, бо вуҷуди он, ки нафақахӯр аст, шабу рӯз дар хидмати беморони коронавирус қад алам кардааст. Ин як фелдшери оддӣ аст. Вале бубинед, дар чор шабонарӯзи охир, дар 96 соати корӣ ӯ ҳамагӣ 8 соат хоб кардааст. Дигар ҳама вақт дар паҳлӯи мардум буд ва хидмат мекард. Магар ӯ осебпазир набуд? Магар ба ҷони вай хатар таҳдид  намекард? Вале қасамашро нашикаст, паҳлӯи мо истод ва хидмат кард».

Сипас, табиби ҷавон аз он ҳампешаҳои худ маломат мекунад, ки дар ин рӯзҳои сахт ба таҳлука афтида, беморонро партофтанд аз ҷойи кор ғайб заданд: «Ман шунидам, ки на фақат дар беморхонаи мо, балки дар беморхонаҳои дигар низ чунин табибоне ёфт шуданд, ки аз иҷрои масъулияти худ  дапст кашиданд. Ин  мардум пеш ба шумо даркор буд, имрӯз нодаркор шуд? Ин рӯзҳо мегузаранд, вале шумо пагоҳ ба чашми мо чӣ гуна нигоҳ мекунед?!».

Дар интиҳо

Президент: «Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед.

Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд.

Умедворам, ки шумо низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро сафарбар месозед!».

Ба ҷои хулоса

Воқеан, ворисон ё давомдиҳандагони роҳи  Бӯалӣ Сино будан кори саҳлу содда нест, ин аз табибони тоҷик масъулияти бузург, донишу маҳорат ва садоқату муҳаббати бепоён тақозо мекунад.  Садоқат ба касбу пешаи худ, ба қасами ёдкардаашон, муҳаббат ба мардум ва кишвари азизи худ.

Дар филми машҳури «Ибни Сино», вақте Синои ҷавон озими шаҳри Урганҷ мешавад, яке аз шогирдонаш пеши роҳи ӯро мегирад: «Шумо чи  азме кардаед?! Он ҷо «марги сиёҳ» (вабо.- тавз. муаллиф)  ҳукмрон аст, ба он гирифтор мешавед. Он ҷо одамон мурда истодаанд, рӯзи сахтест!». Табиби бузург дар ҷавоб мегӯяд: «Сахттарин рӯз ҳамон рӯзест, ки агар табибон аз марг биҳаросанд ва аз беморон бигурезанд!».

Синои бузург намеҳаросад, назди масоҷид рафта, мардумро даъват мекунад, ки то  аз байн рафтани  бемории сироятӣ  дар масоҷид ҷамъ нашаванд, дар хонаҳои худ намоз бигузоранд, аз сирко, ниқоб ва дигар васоити пешгирии беморӣ истифода баранд, саломатии худ ва дигаронро эҳтиёт кунанд.

Сатрҳои болоро бо суханони  чанде аз донишмандони мо, ки  ба наздикӣ  нашр шуданд, чунин хулоса мекунем: «гап на танҳо сари коронавирус, балки  дар бораи тоҷик, тоҷикият ва нангу номус меравад.

Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Ҳар рӯз аз ин ноҳияву он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш  бар зидди ин балои аср, барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.

Пизишкон, духтурони одӣ, табибони ҳақиқӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар як шабонарӯз бо марг дар набард ҳастанд. Дар ин роҳ баъзеашон қурбон мешаванд. Вале инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст…».

                                                                             Саид АЛӢ  

Август 18, 2020 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода