Коронавирус дар ҷаҳон: СММ дар бораи оқибати фалокатбори соҳаи маориф огоҳӣ дод
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки қатъ шудани таҳсил бо сабаби пандемияи коронавирус метавонад барои як насли сокинони сайёра оқибати фалокатбор дошта бошад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.
Бозгашти бехатари толибилмон ба мактабҳо бояд афзалияти аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳон гардад, гуфтааст вай дар паёми видеоияш, ки дар сомонаи СММ нашр шудааст.
Гутерриш гуфтааст, ки то нимаи моҳи июли соли равон мактабҳо ба рӯи 1 миллиард талаба аз тақрибан 160 кишвар баста шудаанд ва тақрибан 40 миллион кӯдак аз таҳсилоти томактабӣ маҳрум мондаанд.
Ин дар ҳолест, ки то пандемия 250 миллион кӯдак аз имкони таҳсил маҳрум буданд ва аз чор се ҳиссаи талабагони мактабҳои миёна дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мактабро бе дониши заминавӣ тарк мекарданд.
«Ҳоло мо бо фалокати як насли мукаммал мувоҷеҳ шудаем, бинобар ин неруи истифоданашудаи инсонӣ метавонад талаф ёбад, пешрафтҳои даҳсолаҳои охир метавонад сабаби шикаст гарданд ва нобаробарӣ афзоиш ёбад», — зикр намуд Дабири кулли СММ ва тавсияҳои СММ –ро оид ба бозгашти бехатари талабагон ба мактабҳо барои ҳукуматҳои ҷаҳон баён намуд.Бо мақсади ислоҳи ин вазъияти ногувор Созмони Милали Муттаҳид дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ маъракаи “Ояндаи моро наҷот диҳед”-ро, ки аз чаҳор марҳала иборат аст, оғоз мекунад. Дар марҳалаи аввал, ба гуфти роҳбари СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ҳарчи зудтар кушодани мактабҳо кӯшиш намояд. Ҳамзамон хатарҳое, ки ба саломатӣ таҳдид мекунанд, бояд арзёбӣ шаванд ва онҳо набояд аз манфиатҳои барқарорсозии таҳсил зиёдтар бошанд, гуфт Антонио Гутерриш.
Қарорҳое, ки кишварҳои алоҳида ва созмонҳои байналмилалӣ ҳоло қабул мекунанд, оқибатҳои давомдор хоҳанд дошт.
Марҳалаи дуввум. Дабири кулли СММ ба ин назар аст, ки ҳангоми тақсими ҷараёнҳои молиявӣ ба соҳаи маориф бояд таваҷҷуҳи хос дода шавад. Қабл аз буҳрон, касри буҷети кишварҳои дорои даромади кам ва миёна дар соҳаи маблағгузории соҳаи маориф дар як сол 1,5 триллион долларро ташкил менамуд. Ҳоло ин фарқият хеле афзоиш ёфтааст. Антонио Гутерриш мутмаин аст, ки буҷетҳои барномаҳои таълимӣ бояд аз ихтисорот муҳофизат ва агар имкон дошта бошад, зиёд карда шаванд.
Марҳалаи сеюм, ба гуфти роҳбари СММ, ташаббусҳои таълимӣ бояд тавре тарҳрезӣ карда шаванд, ки шахсони зери хатари ақибмонӣ қарордошта: кӯдакон ва наврасоне, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода ва буҳронӣ зиндагӣ мекунанд, намояндагони ақаллиятҳои миллии мухталиф, инчунин муҳоҷирони иҷборӣ ва маъюбонро фаро бигиранд.
«Марҳалаи чаҳорум, Дабири кулли СММ гуфт, ки бояд дарк намуд, ки ояндаи маориф имрӯз бунёд мешавад. Насли имрӯза имкон дорад, ки усулҳо ва принсипҳои педагогиро таҷдиди назар намояд. Мо метавонем ба сӯи низомҳои ояндадор, ки таҳсили босифатро барои ҳама фароҳам меоранд, қадам бардорем ва онро ҳамчун тахтаи хез барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди глобалии ҷаҳонӣ истифода намоем».
АКС: Sputnik