Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Зани ба ҷарӣ афтода наҷот ёфт
ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини 47-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак ҳангоми чидани писта ба ҷарии умқаш 20 метр сарозер шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳодисаи мазкур 11 август, тақрибан соати 10:30 рух додааст. Ба ҷои ҳодиса кормандони шуъба ва хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак сафарбар гардиданд.
Онҳо шаҳрванди захмиро аз ҷарӣ берун оварда, ба бемористони шаҳри Норак интиқол доданд.
Духтурон ҳоли беморро хуб арзёбӣ мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






