Миёни сокинони ноҳияи Шоҳмансур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 август миёни сокинони маҳаллаҳои Роҳи нав, Гастелло, Улуғбек ва Афзалии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ташаббуси гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткориву бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ҳамоиш бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби сокинон, тайёрӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо сокинони шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ медиҳанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонад.
Бо қарори Раиси шаҳр ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ва нақшаи вохӯриҳои он дар пойтахт тасдиқ гардид. Рустами Эмомалӣ сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои пойтахт, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки вохӯриҳои мазкурро дар сатҳи баланд ва тибқи тартиби муқарраргардида доир намоянд.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ муваззаф гардидааст, ки ба ин мулоқоту суҳбатҳо олимону коршиносони соҳаро ҷалб намоянд, то моҳияти масъалаҳои зикршударо бо аҳолии пойтахт ба таври возеҳ фаҳмонанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






