Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ технологияи коркарди энергияи сабзро роҳандозӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби Хазинаи байналмилалии «Неруи тоза» дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо мақсади амалӣ намудани технологияҳои инноватсионии ҳосили неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Тоҷикистон ва кам кардани зарар ба экология, табиат ва ҳифзи муҳити зист 2 млн доллари амрикоӣ ҷудо гардид. Тавассути он дар 3 муассиса- Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Литсейи касбӣ-техникии сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд технология ва таҷҳизот оид ба беҳтар намудани самаранокии энергия насб гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе истгоҳи барқии офтобӣ насб карда шудааст, ки аз 18 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии барқистеҳсолкуниаш 0,4 киловатт/ соатро ташкил медиҳад ва дар ҳолатҳои зарурӣ тавассути он кабинетҳои компютерӣ бо барқ таъмин карда мешаванд. Инчунин аз ҳисоби лоиҳа дар литсей барои истеҳсоли неруи барқи тоза ё «сабз» озмоишгоҳи барқии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст, ки аз ду дастгоҳ барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб, як дастгоҳ барои истеҳсоли барқ аз об, ду таҷҳизот барои истеҳсоли неруи барқ аз бод (шамол), обгармкунак тавассути қувваи неруи офтоб, таҷҳизот барои таъмири яхдону кондитсионерҳо ва телевизор, ки дар он амалиёти компютерӣ истифода мешаванд, васлу насб ва барои таҷрибаомӯзӣ омода карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳа ба барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш ворид кардани қисматҳои коркарди неруи тоза, таҳияи маводи таълимӣ оид ба рушди малака дар самти коркарди неруи тоза, инчунин омӯзондани кор бо таҷҳизоти гузошташудаи коркарди неруи тоза ба омӯзгорон ва касбомӯзон пешбинӣ гардидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ оид ба азхудкунии неруи сабз гузаронида шуданд.
Тибқи нақшаи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар сурати амалӣ гардидани лоиҳа ва додани натиҷаҳои назаррас лоиҳа кори худро дар ин самт бо дигар муассисаҳо низ ба роҳ мемонад.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






