МУБОРАК БОД! Имрӯз Ҳиндустон Рӯзи истиқлолро ҷашн мегирад
ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон, ки 15 август ҷашн гирифта мешавад, барои ҳар як шаҳрванди ин давлат санаи муқаддас аст ва он аз соли 1947 – маҳз аз замоне, ки мардуми Ҳиндустон истиқлолияти худро аз Британияи Кабир ба даст овард, таҷлил карда мешавад.
Истиқлолияти Ҳиндустон
15 августи соли 1947 санади Истиқлолияти Ҳиндустон (Indian Independence Act) эътибори қонунӣ пайдо кард. Инчунин дар ин рӯз сарвазири вақти Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар издиҳоми одамон парчами серангаи Ҳиндустонро боло бардошт. Ин маросим дар Деҳлӣ, дар болои деворҳои Форти сурх сурат гирифт.
Аз он лаҳза, таърихи Ҳиндустон аз нав оғоз шуд — таърихи давлати наву мустақил. Рӯзи истиқлолият ҳамасола дар тамоми шаҳрҳо ва деҳоти Ҳиндустон ҷашн гирифта мешавад. Маросими тантанавӣ ба таври анъанавӣ ва тағйирнопазир сурат мегирад.
Ҳар дафъа сиёсатмадорон суханронӣ менамоянд, ки дар онҳо таърихи ин ҷашн ва чӣ гуна ба даст омадани истиқлолият ёдрас мешавад.
Гузаштаи таърихӣ
Ҳамааш бо ташкили хатсайрҳои баҳрии тиҷоративу иқтисодӣ ба Ғарб оғоз ёфт. Пас аз он ки Ҳиндустон чунин иқдом кард, тоҷирони аврупоӣ тасмим гирифтанд нимҷазираҳо ва минтақаҳои наздики Ҳиндустонро тасарруф кунанд. Аллакай дар асри 18 нимҷазираҳо зери ҳукмронии Ан Плохие гузаштанд. Шароити баде, ки бо сиёсати мустамлика таъмин карда мешуд, шӯришҳоро ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, дар асри 19 ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфт, ки асосан аз ҷониби коргарон ташкил шуда буд. Рӯз то рӯз тазоҳурот зиёд мешуд ва ҳукумати Британия бо ҳар роҳ талош мекард онҳоро боздорад, аммо ин кӯшишҳо самар намедоданд.
Мубориза барои озод шудан аз мустамликаи Англия густариш ёфта, шумораи бештари мардум ба дастгирии иттифоқҳои касаба пайвастанд.
Ин муборизаро шахсияти машҳур Маҳатма Гандӣ сарварӣ мекард. Исми ин шахсият имрӯз ба ҳар як сокини Ҳиндустон ва берун аз он шинос аст.
Боре ӯ ба ҳукумат барои гуфтушунид на бо либоси расмӣ, балки бо либоси одӣ омад, ки он мақомдоронро ба ҳайрат гузошт.
Имрӯзи таҷлили Истиқлолият
Дар Рӯзи Истиқлолият волиҳо (губернаторон) маросими гуногуни қабул меороянд, ки ба онҳо мақомдорони баландпоя даъват мешаванд. Созмонҳои ҷамъиятӣ низ чорабиниҳои идона баргузор мекунанд.
То соли 1950 Рӯзи истиқлолият барои мардуми Ҳиндустон ягона ҷашни давлатӣ буд. Танҳо ин рӯз дар корхонаҳо ва муассисаҳои шаклҳои гуногун рӯзи истироҳат эълон мешуд.
Рӯзи истиқлолият яке аз ҷашнҳои бузурги миллии Ҳиндустон буда, соли ҷорӣ рӯзи душанбе дар Деҳлӣ бо чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мегардад. Тавре ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ки аз хадамоти махсус дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ огоҳӣ гирифтаанд, хабар медиҳад, зиёда аз 50 000 посбонон дар кӯчаҳои Деҳлии нав посбонӣ мекунанд.
P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тамоми дӯстони ҳиндиро бо иди Истиқлолияти давлатиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно менамояд!











Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид






