ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Август 24, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда дар назар буда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, бориши сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 30 +35 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10- 15 метр дар як сония   мевазад.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Август 24, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд