Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд

Август 5, 2020 18:11

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти иҷроиши Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, махсусан рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Фахробод, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба як мавзеи зебову ҳосилхез табдил ёфтааст, оғоз гардид.

Дар ин ҷо нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” бо навъҳои беҳтарини себҳои содиротӣ шинос шуда, аз дарахтони нав ба ҳосиломадаи он себ чинданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2016 дар мавзеъи Фахробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони 360 гектар бо шинонидани дарахти себ ба бунёди боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” оғоз бахшида буданд. Баъди бунёди боғи нави интенсивӣ дар ин мавзеъ беш аз 1000 нафар сокинони мавзеъи Фахрободи ноҳияи Хуросон соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар заминҳои солҳо боз бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, боғҳои нави интенсивӣ бунёд ва боғоти кӯҳна барқарор мегардад.

Дар асоси ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои муфиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон бо роҳи обёрии қатрагӣ заминҳои ташналаби талу теппаҳоро шодоб карда, ҳосили фаровон парвариш ва аз ҳисоби содироти он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳо омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мегарданд.

Имрӯз зимни сафар Сарвари давлат бо ҳолати нашъунамои дарахатони боғ, ки нав ба ҳосил даромадаанд, шинос шуда, бо боғдорон суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар боғҳои интенсивии хоҷагии фермерии “Асадулло” дар 226 гектар, аз ҷумла 105 гектар боғи интенсивӣ 32 навъи себҳои ба содирот нигаронидашуда парвариш меёбад.

Хоҷагӣ дар маҷмуъ 931 гектар замин дорад, аз ҷумла 25 гектар нок, 103 гектар зардолу, 202 гектар ангур, 98 гектар бодом, 220 гектар себи биҳӣ.

Дар ҳамин ҷо зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо заминҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони Хоҷагии фермерии Асадулло супориш доданд, ки дар мавзеъи дигари ҳамин хоҷагӣ дар майдони 150 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ бунёд намоянд.

Мавриди зикр аст, ки аксари меваҳои ин боғҳо, аз ҷумла себ, олуи сиёҳ ва ангур ба содирот нигаронида шудааст ва маҳсулот асосан ба шаҳрҳои Федератсияи Россия фиристода мешавад.

Комёбии худро боғдорон аз ҳидоятҳои неки Сарвари давлат медонанд, зеро зимни ҳар як сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои парваришу нигоҳубини зарурии боғҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо ва содироти маҳсулот маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар хоҷагии фермерии Асадулло барои беталаф нигоҳ доштани меваҷот се сардхона бо иқтидори 60 тонна бунёд карда шудааст.

Имрӯз низ зимни боздид аз хоҷагӣ Сарвари давлат ба боғдорон барои истифодаи самараноки замин баҳои арзанда дода, онҳоро ба ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришёфта, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва полезӣ ва минтақабоб кардани ниҳоли дарахтон ҳидоят карданд.

Ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои калони аграрии вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар ноҳия ба ҳолати имрӯза 3300 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 800 гектар боғи куҳнаи барқароршуда мебошад.

Дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дар майдони 4112 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Оянда дар майдони 200 гектар картошка шинонида мешавад. Майдони пахтаи ноҳия 4350 гектарро ташкил медиҳад, ки нашъунамои хуб дорад. Кишти зироатҳо дар майдони 2000 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Умед аст, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили парваришкардаи худро беталаф ҷамъоварӣ карда, ба бозорҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо мебароранд.

Боздид аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон 05.08.2020

Август 5, 2020 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Ватан» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Сомон» дидан карданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти ҶДММ «Сардор-2008» оғози расмӣ бахшиданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Маркази табобатии «Нури шифо»-ро ба истифода доданд