Сарватмандтарин кишварҳо барои дастрас намудани ваксинаи коронавирус навбат мепоянд

Август 4, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. ИМА, Британияи  Кабир, Япония ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди харидории 1,3 миллиард вояи ваксинаи коронавирус, ки ҳанӯз коркард нашудааст, ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора “Bloomberg”  бо истинод ба тадқиқоти ширкати таҳлилии “Airfinity”  хабар додааст.

Чунончи дар ин маврид ИМА ва Британияи Кабир бо “Sanofi и GlaxoSmithKline Plc” ва  Япония  бо “Pfizer” шартнома имзо кардаанд. Агентӣ зикр  мекунад, ки Иттиҳоди Аврупо низ “дар талош”-и  хариди ваксина аст, аммо аниқ накардааст, ки  кишварҳои Аврупо бо кӣ шартнома имзо кардаанд.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди ин, ки самаранокии ваксинаҳо бар зидди вируси нав ҳанӯз исбот нашудааст, аллакай кишварҳои сарватманд миқдори зиёди онҳоро фармоиш додаанд ва эҳтимол дорад, ки шумораи муомилот афзоиш ёбад. Таҳлилгарон  зикр  мекунанд, ки барои 7,8 миллиард одам шояд воя нарасад ва кишварҳои фақир «дар навбат охирин хоҳанд буд».Чунин вазъияти монанд соли 2009 рух дода буд, замоне ки кишварҳои сарватманд содироти ваксинаҳои зукоми хукро инҳисор карда буданд.Хуруҷи бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухани Хитой дар охири моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфт. Маълум шуд, ки таҳриккунандаи беморӣ, ки баъдтар расман номи COVID-19 — ро гирифт, коронавируси шакли нав мебошад.Аз 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи сартосарӣ эълон кард.

АКС аз бойгонӣ

Август 4, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд