СММ: Пандемияи коронавирус ба дурнамои таҳсили ҷавонон таъсири манфӣ расонид
ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи коронавирус, ки боиси тағйир ёфтани вақти кории мактабҳо ва донишгоҳҳо гардид, ба таҳсил ва омодасозии касбии ҷавонон бениҳоят таъсири манфӣ расонид. Дар ин бора дар гузориши Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), ки дирӯз, 11 август дар Женева интишор ёфт, гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар ба истинод ба ТАСС.
Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, буҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, барои гирифтани маълумот ва омодасозии касбии ҷавонон таъсири харобиовар дорад. Чунончи, 65% ҷавонони пурсидашуда изҳор намуданд, ки пас аз хуруҷи коронавирус, ҳаҷми машғулиятҳои таълимии онҳо, аз ҷумла ба асари гузаштан ба таҳсили фосилавӣ коҳиш ёфтааст. Нисфи пурсидашудагон интизор доранд, ки таҳсили онҳо тӯлонӣ мешавад ва 9% ба таври ҷиддӣ аз ноком мондан дар таҳсил метарсанд.
Ин дар ҳолест, ки 38% ба дурнамои рушди касбии худ эътимод надоранд, зеро интизор меравад, ки пандемия вазъиятро дар бозори меҳнат мураккабтар хоҳад кард. Ҳар шашумин донишҷӯе, ки кор мекард, маҷбур шуд, ки фаъолияти меҳнатиашро дар шароити буҳрони кунунӣ қатъ кунанд. Музди кори 42% донишҷӯёне, ки фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд, аз оғози пандемия коҳиш ёфтааст.
«Вазъияти ҷавонони кишварҳое, ки дар он ҷо даромади аҳолӣ камтар аст, хеле бад аст, зеро онҳо ба Интернет камтар дастрасӣ доранд, таҷҳизоти зарурӣ ва баъзан дар хона барои таҳсил ҷой надоранд», — зикр шудааст дар гузориш. Дар ин кишварҳо танҳо 18% донишҷӯён имкони таҳсили онлайн доранд. Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди даромад доранд, ин нишондод 65% -ро ташкил медиҳад. Ин фарқият далели мавҷудияти холигоҳи рақамӣ дар ҷаҳон аст, мегӯянд коршиносон.
“Пандемия ба ҷавонон зарбаҳои зиёд мезанад. Вай на танҳо ҷойҳои корӣ ва дурнамои шуғли онҳоро хароб мекунад, балки инчунин монеи таҳсил ва омодагии касбии онҳо мешавад, инчунин ба солимии равонии донишҷӯён таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мо ҳақ надорем, ки ба ин иҷоза бидиҳем», — гуфт директори генералии СБМ Гай Райдер дар робита бо интишори гузориш. Муаллифони таҳқиқот аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки барои дастгирии таҳсил ва шуғли ҷавонон дар шароити буҳрон тадбирҳои фаврӣ андешанд.
АКС: Reuters








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






