СММ: Пандемияи коронавирус ба дурнамои таҳсили ҷавонон таъсири манфӣ расонид

Август 12, 2020 11:06

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи коронавирус, ки боиси тағйир ёфтани вақти кории мактабҳо ва донишгоҳҳо гардид, ба таҳсил ва омодасозии касбии ҷавонон бениҳоят таъсири манфӣ расонид. Дар ин бора дар гузориши Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), ки дирӯз, 11 август дар Женева интишор ёфт, гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар ба истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, буҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, барои гирифтани маълумот ва  омодасозии касбии ҷавонон таъсири харобиовар дорад. Чунончи, 65% ҷавонони пурсидашуда изҳор намуданд, ки пас аз хуруҷи коронавирус, ҳаҷми машғулиятҳои таълимии онҳо, аз ҷумла ба асари гузаштан ба таҳсили фосилавӣ коҳиш ёфтааст. Нисфи пурсидашудагон интизор доранд, ки таҳсили онҳо тӯлонӣ мешавад ва 9% ба таври ҷиддӣ аз ноком мондан дар таҳсил метарсанд.

Ин дар ҳолест, ки 38% ба дурнамои рушди касбии худ эътимод надоранд, зеро интизор меравад, ки пандемия вазъиятро дар бозори меҳнат мураккабтар хоҳад кард. Ҳар шашумин донишҷӯе, ки кор мекард, маҷбур шуд, ки фаъолияти меҳнатиашро дар шароити буҳрони кунунӣ қатъ кунанд. Музди кори 42% донишҷӯёне, ки фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд, аз оғози пандемия коҳиш ёфтааст.

«Вазъияти ҷавонони кишварҳое, ки дар он ҷо даромади аҳолӣ камтар аст, хеле бад аст, зеро онҳо ба Интернет камтар дастрасӣ доранд, таҷҳизоти зарурӣ ва баъзан дар хона барои таҳсил ҷой надоранд», — зикр шудааст дар гузориш. Дар ин кишварҳо танҳо 18% донишҷӯён имкони таҳсили онлайн доранд. Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди даромад доранд, ин нишондод  65% -ро ташкил медиҳад. Ин фарқият далели мавҷудияти холигоҳи рақамӣ дар ҷаҳон аст, мегӯянд коршиносон.

“Пандемия ба ҷавонон зарбаҳои зиёд мезанад. Вай на танҳо ҷойҳои корӣ ва дурнамои шуғли онҳоро хароб мекунад, балки инчунин монеи таҳсил ва омодагии касбии онҳо мешавад, инчунин ба солимии равонии донишҷӯён таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мо ҳақ надорем, ки ба ин иҷоза бидиҳем», — гуфт директори генералии СБМ Гай Райдер дар робита бо интишори гузориш. Муаллифони таҳқиқот аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки барои дастгирии таҳсил ва шуғли ҷавонон дар шароити буҳрон тадбирҳои фаврӣ андешанд.

 АКС: Reuters

Август 12, 2020 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид