Соҳибкор Ҷурабек Муҳибов ба хонандагони шаҳри Турсунзода мактаби нав туҳфа намуд
ТУРСУНЗОДА, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таълимии №29-и деҳаи Обшорон ва №69-и деҳаи Зиёраттути Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни ифтитоҳи биноҳои мазкур гуфт, ки “Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар пайравӣ ба ин иқдом мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ меандешад. Биноҳои муассисаҳои таълимии №29 ва 69 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва фаъолони деҳаҳои Обшорон ва Зиёраттут сохта шуданд. Омӯзгоронро зарур аст, ки бо фароҳам сохтани чунин муассисаҳои замонавӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳати татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф тадбирҳои амалӣ андешанд”.
Тавре огаҳӣ дорем, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020–2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда 180 иншоот, аз ҷумла сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн ва ҳаммомҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ ва 2 толори варзишӣ ҷараён дорад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






