СУТ даъват намуд, ки бо сабаби коронавирус дигар карантин ҷорӣ нашавад
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарэпидемиологи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Мария Ван Керкхово (ДАР АКС) дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии «The Telegraph» аз кишварҳои олам даъват кард, ки барои мубориза бо коронавирус такроран маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин кор, ба гуфтаи Керкхово, дар сурати фаро расидани мавҷҳои дуюм ва минбаъдаи коронавирус қобили қабул нест. Чунки оқибатҳои иқтисодии маҳдудиятҳо он қадар манфӣ буданд, ки тамоми бартариҳои мусбати тиббии онҳоро сифр намуданд.
Коршиносони СУТ мегӯянд, ки нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ кифоя хоҳад буд.
Ногуфта намонад, ки ҳангоми хуруҷи пандемия ҳамин коршиносон ба ҳама кишварҳо маслиҳат доданд, ки карантини шадид ҷорӣ кунанд. Ва мегуфтанд, ки карантин густариши уфунатро суст ва оқибатҳои онро сабук хоҳад кард.
Акнун СУТ онро «фалокати наслӣ» номидааст, чунки ҳангоми карантин мактабҳо баста буданд ва кӯдакон таҳсил намекарданд. Коршиносон инчунин иқрор шуданд, ки бо сабаби маҳдудиятҳо беморони вазнини гирифтори саратон, сактаи мағз ва сактаи дил аз кумаки зарурӣ ва нигоҳубин маҳрум монданд. Илова бар ин, рӯҳафтодагӣ, низоъҳои иҷтимоӣ ва бекорӣ шурӯъ шуд.
Ғайр аз ин, уфунатшинос ба чунин назар аст, ки ваксинаи коронавирус ҳадди аққал то шаш моҳи дигар таҳия нахоҳад шуд, аз ин рӯ беҳтар аст, ки аз афзори ҳоло дастраси «инфиродӣ, мушаххас, локализатсияшуда» истифода шавад:
Назорат намудани тамосҳо;
Гузаронидан аз санҷиши оммавии тестӣ;
Муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ;
Нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ;
Пӯшидани ниқобҳо.
«Ин танҳо як чора нест, ҳамаи чораҳои мавҷуда бояд якҷоя истифода шаванд. Ин кор медиҳад. Сабаби он ки мо мегӯем, ки ин кор медиҳад, дар он аст, ки мо медидем, ки ин чӣ тавр сурат мегирифт. Мо дидем, ки чӣ тавр кишварҳо хуруҷҳои уфунатро зери назорат қарор медиҳанд», — гуфт ӯ зимни мусоҳиба.
АКС: СУТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






