СУТ эҳтимоли такроран аз коронавирус сироят ёфтанро истисно намекунад

Август 25, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) эҳтимоли аз коронавирус  дубора сироят ёфтанро истисно намекунад,  аммо даъват мекунад, ки дар ин маврид саросемавор  набояд хулоса баровард. Тавре ки АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад, коршиноси СУТ Мария ван Керкхове рӯзи душанбе, 24 август, зимни тавзеҳи хабари вобаста ба  ошкоршавии ҳодисаи сироятёбии дубора дар Ҳонконг изҳори назар намудааст.

«Сироятёбии дубора эҳтимолан имкон дорад», — зикр намуд ӯ. — Аммо дар ин маврид саросемавор хулоса баровардан зарурат надорад».

«Аз таҷрибаи кор бо дигар коронавирусҳо мо медонем, ки эминии бадан  чанд муддат нигоҳ дошта мешавад», — илова кард коршинос. — Ҳоло мо мебинем, ки одамони ба ин беморӣ гирифторшуда эминият доранд. Аммо, таҳқиқот, аз ҷумла дар мавриди вокунишҳои таомулҳои безараркунанда идома доранд»,-гуфт мавсуф.

ДАР АКС: коршиноси СУТ Мария ван Керкхове. Акс аз бойгонӣ

Август 25, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон