СУТ изҳор намуд, ки 70% аҳолии сайёра ҷиҳати ба вуҷуд овардани эминӣ бояд эм карда шавад

Август 28, 2020 10:23

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фарогирии ҷаҳонии эмкунӣ бояд 65-70% -ро ташкил диҳад, то ин ки эминият дар муқобили коронавируси нав ба вуҷуд биояд. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус корманди калони илмии СУТ Сумя Сваминатан (ДАР АКС), зимни брифинг дар ҷавоб ба саволи оё ба таври табиӣ ба вуҷуд овардани эминии оммавӣ ба мақсад мувофиқ аст, изҳор дошт.

«Роҳи беҳтарини ба вуҷуд овардани эминии бадан-ин эмкунӣ аст», — гуфт вай. — «Ва фарогирии он набояд аз 65-70% камтар бошад».

Дар навбати худ, коршиноси СУТ Мария ван Керхове таъкид кард, ки кӯшишҳои ба вуҷуд овардани эминии оммавӣ бо роҳи табиӣ хатарнок хоҳанд буд ва боиси талафоти зиёд мешаванд. Ба гуфтаи вай, эмкунӣ роҳи муассиртарини ҳифзи аҳолӣ мебошад. «Дар саросари ҷаҳон корҳо барои коркарди ваксинаҳои бехавф ва муассир фаъолона идома доранд», — гуфт ван Керхове.

АКС аз бойгонӣ

Август 28, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон