СУТ низоми ҲФ вобаста ба коронавирусро дар ҷаҳон тамдид намуд

Август 3, 2020 09:46

ДУШАНБЕ, 03.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки низоми ҳолати фавқулодаи байналмилалии вобаста ба  пандемияи коронавирусро  боз то се моҳи дигар  тамдид намояд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи СУТ оид ба ҲФ хабар медиҳад

Дар Кумитаи СУТ оид ба ҲФ эълом намуданд, ки  ин пандемия ҳанӯз ҳам «барои тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулода ва мояи изтироби байналмилалӣ» аст.

Пандемия “буҳронест, ки дар сад сол як маротиба рух медиҳад ва пайомадҳои он даҳсолаҳо эҳсос хоҳанд шуд”,-гуфт директори генералии СУТ Тедрос Адан Гебрейюсус.

Ёдовар мешавем, ки 31 июли соли равон СУТ афзоиши ҳадди аъзами шабонарӯзии ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирусро дар давраи пандемия сабт намуда буд.

 АКС: obozrevatel.com

Август 3, 2020 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд