ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2020 аст

Август 21, 2020 08:01

21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири вақти Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.      Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид.

***

6 сол пеш, 21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

 21 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.

***

 Дар Аргентина-Рӯзи ёдбуди генерал Сан Мартин  (қаҳрамони муборизаҳо дар роҳи расидан ба истиқлолият).

РӮЙДОДҲО:

 21 августи соли 1936  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

***

21 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.

***

12 сол пеш, 21 августи соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов дар варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 Голландия фурӯши машруботи спиртиро ба ИМА манъ намуд.

***

73 сол муқаддам, 21 августи соли 1947 Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба узвияти СММ шомил шудани Италия ва Австрия ризоият надод.

***

21 августи соли 1965 Руминия давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд.

***

21 августи соли 1988  бар асари заминларза дар шимоли Ҳиндустон ва Непал 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 аввалин маротиба дар бозии футболи Англия зимни бозӣ ивазкунии   бозингарон иҷозат дода шуд.

***

Соли 1981 аввалин маротиба олимон оид ба хавфи гармшавии иқлим хабар доданд.

Август 21, 2020 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст