ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2020 аст

Август 22, 2020 08:00

22 августи соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъсис дода шуд.

***

8 сол пеш, 22 августи соли 2011 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

22 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия –Рӯзи Парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

22 августи соли 2016 ба муносибати оғози 75-умин солгарди мавсими театрӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.

***

22 августи соли 2017 дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

***

75 сол пеш, 22 августи соли 1944 дар муассисаҳои таҳсилотии Япония машғулиятҳо манъ карда шуда, кӯдакон ба фабрикаю заводҳо ҷалб гардиданд.

***

22 августи соли 1989 дар Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 парчами таърихии серангаи Россия барқарор карда шуд.

***

22 августи соли 2001 дар Пекин Бозиҳои 21-уми байналмилалӣ миёни донишҷӯён баргузор гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1932 «Би-Би-Си» нахустин бор пахши санҷишии телевизионашро роҳандозӣ намуд.

***

Соли 1984 варзишгардухтари америкоӣ Эвелин Эшфорд барои давидан ба масофаи 100 метр дар 10,76 сония миёни занон рекорд гузошт.

Август 22, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш