ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2020 аст

Август 30, 2020 08:00

30 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар»)  ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуданд.

***

9 сол пеш, 30 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

30 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.

***

Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Туркия  — Рӯзи ғалаба.

РӮЙДОДҲО:

30 августи соли 2018 дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

***

30 августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза — «Об, муҳити зист ва амният» баргузор гардид.

***

30 августи соли 2013 дар иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарори якҷоя оид ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қабул гардид, ки он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

***

10 сол пеш, 30 августи соли 2010 дар Тоҷикистон рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «АзияПлюс» нашрашро дар як ҳафта ду маротиба-рӯзҳои  душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монд.

***

30 августи соли 2018 дар шаҳри Норак таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ»- Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид.

***

2 сол пеш, 30 августи соли 2018 дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия Мусобиқа оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд ва варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард.

***

47 сол муқаддам, 30 августи соли 1973 дар Кения шикори  фил манъ карда шуд.

***

30 августи соли 1974  дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Югославия зиёда аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2013  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аввалин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Имкониятҳои сармоягузории рушди Помир»  баргузор гардид.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ ёфт.

Август 30, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст