«Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» Дар Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарон оғоз гардид

Август 27, 2020 17:01

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба шарафи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи афсарон»- и  шаҳри Душанбе  маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!»  оғоз  гардид. Фестивал аз 27 август то 15 сентбр дар заминаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ, ибтидоии касбӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. 

Фестивали мазкур бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардида, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, намояндагони кумитаҳои кор бо ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои варзишӣ, устодону донишҷӯён ва варзишгарони маъруфи мамлакат аз ҳисоби  донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, муассисаҳои варзишии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд.

Дар саҳни «Кохи афсарон» тамоми дастовардҳои соҳаи варзиш ба намоиш гузошта шуданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ фестивалро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб шуда, он ба хотири таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.

«Дар масири таърих варзиш рукни муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фард арзёбӣ гардида, он дар баробари тақвият бахшидан ба қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун майдони мукаммалгардонии неруи зеҳнӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат менамояд. Яке  аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб мешавад. Он  ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нигаронида шудааст»,- иброз дошт Масвума Муинӣ.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали дӯсти ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, махсусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонон ҷиҳати тозаю озода ва дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани майдончаҳои мазкур, ташкили мусобиқаҳои дӯстонаи варзишӣ байни ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон мебошад. Он инчунин ҷиҳати таҳкими ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, пешгирии бемории сироятӣ, хосатан пешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳушёриву зиракӣ, фарогирии масъалаҳои ҳаётӣ ва тарбияи инсонию ҷисмонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт 2 марҳиларо дар бар  гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Марҳилаи якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ  доир  шуда, дар марҳилаи дуюм ғолибони даври аввал метавонанд иштирок намоянд.

Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш:  футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ баргузор шуда, то 13 сентябр идома меёбад.

Маросими ҷамъбасти Фестивал 15 сентябр дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуда, ғолибон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо Диплом, медал ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.

Август 27, 2020 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мегардад
Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид
Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид
26 сентябр Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт
Дар Душанбе 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст шуд
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд
Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мегарданд
«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд