Суҳроб Воҳидов: Ҳамасола дар ҷаҳон қариб 5 миллион нафар аз бемориҳои ба тамокукашӣ алоқаманд мефавтанд

Сентябрь 23, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳамасола аз бемориҳои ба тамокукашӣ алоқаманд қариб 5 миллион нафар одамон мефавтанд. Ҳангоми нигоҳдории чунин тамоюл то соли 2030 фавт аз тамокукашӣ то ба 10 миллион нафар меафзояд,- гуфт сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Воҳидов зимни ҳамоиш оид ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку, ки  22 сентябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза»  доир гардид. 

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Суҳроб Воҳидов ҳамзамон гуфт, ки «фавти аз ҳама бештар дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ шуда, вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон  аз зарурати қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад».

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» соли 2018 пас аз боздид ва бо назардошти дохил шудани мамлакат ба Конвенсияи мубориза алайҳи тамокуи Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

«Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку якчанд чораҳои муҳим рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд»,- зикр намуд намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ ва фавти аҳолӣ  ба шумор рафта, сабаби нигаронии ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сентябрь 23, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд