ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Бахтиёр Мансуров дар Исфара маҷмааи варзишӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара майдони хурди болопӯшидаи футбол ва ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи варзишии мазкур бо ташаббуси соҳибкор Бахтиёр Мансуров бунёд гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳудуди ҷамоати мазкур ин сеюмин майдончаи хурди болопӯшидаи футболбозӣ мебошад.
Дар ҷамоати Чоркӯҳ варзишгоҳи замонавии дорои 5000 ҷойи нишаст амал мекунад, ки соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Инчунин дар деҳаи Хушободи Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара бо саҳми сокинон майдончаи хурди футбол мавриди истифодаи дӯстдорони варзиш қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша дар шаҳри Исфара сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 922 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Давоми ҳашт моҳи сипаришудаи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ корҳои навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 80 иншоот пурра ба итмом расонида шудаанд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






