Чемпионатҳои Осиё оид ба футбол байни наврасону ҷавонон бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 гузаронида шуданд

Сентябрь 11, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 11.09.2020. /АМИТ «Ховар»/  10 сентябр ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуда, дар он якчанд қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор карда шуд, ки чемпионатҳои Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон ба соли 2021 гузаронида шаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумитаи иҷроияи КФО, ки ҷаласааш ба таври онлайн доир гашт, иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд.

Хотиррасон  мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар шаҳри  Ашқободи Туркманистон  сурат мегирифт, акнун 2-13 декабри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.
«Бо дар назар гирифтани тадорукот ҷиҳати ҳамоҳангии панҷ минтақаи Ҷоми КФО, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи КФО розӣ шуд, ки идомаи Ҷоми КФО-2020 баргузор нашавад», — хабар додааст сомонаи расмии КФО.

Акнун дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи Ҷоми КФО-2020 як бозӣ анҷом дода буданд, имсол дар мусобиқаи дуюми бонуфузи клубҳои Осиё ширкат намекунанд.

Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки Анҷумани 30-юми КФО 9 декабр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  ба таври онлайн доир карда шавад.

Сентябрь 11, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад