Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ бинои нави таълимӣ сохта мешавад

Сентябрь 21, 2020 16:01

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти Худоёр  Раҷабови ноҳияи Восеъ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави таълимӣ, иборат аз 10 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси ноҳияи Восеъ хабар медиҳад.

Бинои нави таълимӣ  бо тамоми шароити мусоиди таълимӣ  фароҳам буда, синфхонаҳо тавассути системаи ягонаи буғӣ бо гармӣ таъмин мебошанд. Буғхона  бо истифодаи ангишт гарм карда мешавад ва барои  давраи тирамоҳу зимистон дар муассиса ангишти  зарурӣ захира шудааст.

Ҳамчунин дар деҳа аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ ва майдончаи пӯшидаи  бозии  футболи хурд мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ҷалби  ҷавонон ва наврасон  ба  варзиш  бунёд гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов зиёда аз 70 иншооти ҷашнии дорои моҳияти иҷтимоӣ мавриди истифодаи сокинон  қарор дода мешаванд.

Сентябрь 21, 2020 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад