Дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» зеристгоҳи барқӣ бунёд мешавад

Сентябрь 23, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ (нуқтаи пайвастшавии зеристгоҳ ба шабакаҳои амалкунандаи барқӣ) бунёд мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода иттилоъ дод.

Бо мақсади интихоби мавзеи мувофиқ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ намояндагони ШСҲК «Барқи Тоҷик» ва шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб аз ҳудуди минтақа боздид намуданд. Онҳо имконоти барқтаъминкунии МОИ «Кӯлоб»-ро  мавриди омӯзиш қарор доданд.

Мутахассисон иброз доштанд, ки бунёд намудани зеристгоҳи барқии 110/35/10кВ бо насби 2 адад трансформатори қудрати тавоноияш 2х2500 кВА метавонад дар самти таъмини субъектҳо, корхонаҳои саноатии ҳудуди МОИ «Кӯлоб», аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, минтақаи саноатӣ ва аҳолии атрофи он заминаи устувор гузорад.

Зикр гардид, ки сари вақт бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ва таъмини Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” бо неруи барқ метавонад барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ ва устувор гузорад.

Сентябрь 23, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст