Дар Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки мисли Тоҷикистон ба ивази шиносномаҳои биометрӣ ID-кортҳо ҷорӣ кунанд

Сентябрь 23, 2020 07:18

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дирӯз, 22 сентябр фармони  дар кишвар ҷорӣ намудани системаи ягонаи мушаххаскунандаи шахсиятро тасвиб намуд ва тибқи он аз 1 январи соли 2021 иваз намудани шиносномаҳои биометрии шаҳрвандӣ  ба ID-кортҳои ҳомили иттилооти электронӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Агентии миллии хабарии «УзА».

То 31 декабри соли 2022 ID-кортҳо ихтиёран ба шахсони синнашон ба 16 расида, инчунин ҳангоми гум шудани шиноснома, иваз кардани ному насаб, шаҳрвандӣ ва бо асосҳои дигар дода мешаванд. Аз 1 январи соли 2023 то 31 декабри соли 2030 табодули шиносномаҳои биометрӣ ба ID-кортҳо ҳангоми хатми муҳлати онҳо ба таври ҳатмӣ сурат мегирад.

Барои таҳия ва гирифтани ID-корт ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шиносномаи биометрии шаҳрвандӣ заруранд — иҷозатнома барои истиқомат, аз ҷумла барои шаҳрванди хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод карда мешаванд. Ариза барои гирифтани ID-корт шахсан ва ё дар шакли электронӣ пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои мушаххаскунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 сентябри соли 2013 тасвиб намуда буд. Шаҳрвандони мамлакат иваз кардани шиносномаҳои коғазиро ба ID-кортҳои электронӣ идома медиҳанд. Ҳоло аллакай зиёда як миллион нафар соҳиби шиносномаҳои пластикӣ шудаанд.

Инчунин бояд илова кард, ки шиносномаҳои насли нав дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 ҷорӣ шуда буданд. Зарурати фавран иваз намудани аснод вуҷуд надошт ва бинобар ин тӯли панҷ сол танҳо каме бештар аз як миллион нафар корти ID гирифтаанд.

Шиносномаи намунаи нав дар шакли корти пластикӣ мебошад, ки нуқтаи бо мошин хондашаванда, яъне чип дорад. Дар он маълумот дар бораи соҳиби санад — кай ва дар куҷо таваллуд ёфтааст, дар куҷо  ба қайд гирифта шудааст ё ҷои истиқомати муваққатии ӯ, рақами мушаххаскунанда, рамзи шахсии  вай нигоҳдорӣ мешаванд. Бо хоҳиши шахс гурӯҳи хун ворид ва ба ҷои миллат — шаҳрвандӣ сабт мешавад. Шиносномаи пластикӣ санади тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин дар сурати мавҷудияти созишномаи дуҷониба ин шиносномаҳо метавонанд дар хориҷи давлат низ эътибор дошта бошанд.

Барои гирифтани корти ID -и намунаи соли 2014 шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба яке аз шуъбаҳои шиносномадиҳии ВКД -и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кунад. Барои иваз кардани шиноснома асноди зерин пешниҳод мешаванд: шиносномаи пештара, акси сиёҳу сафед, санади пардохти боҷи давлатӣ, иқтибос аз дафтари хона, рақами инфиродии андозсупоранда ва шаҳодатномаи ақди никоҳ / талоқ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти SIM кортҳоро дар кортҳои ID то 15 феврали соли 2022 тамдид карда буд.

                                                            АКС аз манобеи  кушода

Сентябрь 23, 2020 07:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд