ФУТБОЛ. «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд. Дар баробари дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозиҳои чорякфинал дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Даври ¼- ниҳоӣ
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).
«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).
Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).
Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
13 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1
Гол: Сорбон Авғонов, 32.
«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.
«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.
Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».
15 сентябр (сешанбе)
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» 2:4
Голҳо: Шавкати Ҳотам, 14 (0:1). Эмомали Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати Ҳотам, 63 (2:3). Иброҳим Зокиров, 90+2 (2:4).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
«Истаравшан» – «Кӯктош» 5:4
Голҳо:Мбеке Диудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (вратарь). Беҳруз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашурмамадов – 5:4.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






