Футболбозони ҷавони тоҷик бар ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Сентябрь 10, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 10.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон бозии дуюми  рафиқона доир намуд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин бозии ҷолиб голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Сентябрь 10, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд