Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд

Сентябрь 16, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” дорои 8,22 гектар замин буда, саҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғул мебошанд. Боғи анор дар ин хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи “Мумтоз” дар замини хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардида, аз он хоҷагидорон ҳамасола беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд.

Анори ҷамъоваришуда асосан аз сари замин ба фурӯш гузошта мешавад. Роҳбари хоҷагӣ изҳор медорад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил соҳибкорон ба сари замин омада, анорро бо нархи дилхоҳ харидорӣ ва ба бозорҳои мамлакат интиқол медиҳанд. Дигар сокинони ноҳия, инчунин меҳмонон низ аз ин ҷо анори хушсифат ва лазиз харидорӣ мекунанд.

Ҷамъоварии ҳосили анорбоғ даҳаи дуюми моҳи октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳосил дар боғи мазкур имсол низ фаровон буда, тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз он бояд беш аз 10 тонна анор ҷамъоварӣ карда шавад. Майдони умумии боғ дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” 4,02 гектарро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагии мазкур кишти такрории сабзӣ 0,35 гектар, бодиринг 0,30 гектар, мош 0,15 гектар, карам 0,10 гектар ва сирпиёз 0,10 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи нашъунамо ҳосилнокии ҳама намуди зироат фаровон хоҳад шуд. Имсол дар кишти асосӣ кишоварзони хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати 0,70 гектар пиёз, 0,10 гектар картошка ва 2,50 гектар пахта кишт намуда, аз зироати картошка ва пиёз ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Хосили пахта низ дар ин хоҷагӣ хуб буда, интизор меравад ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шумораи зиёди сокинони ба кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғул иштирок намуда, дар растаҳо маҳсули заҳмати хешро, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Сифат ва фаровонии ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, лӯбиёгиҳо, полезӣ, зироати техникӣ, инчунин картошка, мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошташуда аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва меҳнати пайвастаи кишоварзон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарак медиҳад. Тибқи иттилоъ, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар масоҳати 17 994 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки назар ба соли 2019 422 гектар зиёд мебошад. Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миқдори 11277 тонна ғалладонагӣ, 14490 тонна сабзавот, 750 тонна полезӣ, 1579 тонна картошка, 3062 тонна ҷуворимакка ва 917 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар масоҳати 1745 гектар кишти такрории зироат гузаронидаанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як соли пеш 14 гектар зиёд мебошад.

Сокинони ноҳия, хосса занону бонувон чанд номгӯй хӯрокҳои миллии аз маҳсулоти кишоварзӣ омодашаванда ва нону дигар маҳсулоти нониро пухта, пешкаши меҳмонон гардониданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ошпазҳои ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзондани нозукиҳои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят карданд.

Дар ҳамин ҷо зотҳои чорвои калони шохдор, майдаи шохдор, асп ва парандаи дар хоҷагии “Деҳқони нав” парваришёбанда намоиш дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ноҳия чорвои калони шохдор ба 3674 сар, майдаи шохдор 2935 сар, асп 90 сар ва паранда ба 263199 сар баробар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар 8 моҳи соли 2019 дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия ба андозаи 200,5 тонна гӯшт истеҳсол гардида бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондод ба 347 тонна баробар гардидааст. Ҳаҷми шири истеҳсолшуда 1766 тонна ё назар ба як сол пеш 17 тонна зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайваста ва истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва саҳми пайваста гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.

Сипас Сарвари давлат аз майдони пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии “Мирҷалол” ва “Файзи нур” дидан намуданд.

Тибқи иттилоъ, хоҷагии деҳқонии “Мирҷалол” дорои 1,80 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдоронаш асосан ба пахтакорӣ машғул мебошанд.

Имсол кишоварзони хоҷагии мазкур дар масоҳати 1,50 гектар кишти пахтаи навъи мутобиқ ба иқлими ноҳия гузаронидаанд. Дар замини боқимонда қаламфури булғорӣ кишт намудаанд. Дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Файзи нур” 6,30 гектар замин мавҷуд мебошад. Аз ин масоҳат дар кишти асосӣ 4,50 гектар пахта, инчунин 0,50 гектар гандум ва 0,30 гектар қаламфури булғорӣ кишт намуда, дар кишти такрорӣ- баъди ҷамъоварии гандум, яъне дар масоҳати 0,50 гектар шолӣ кишт карда шудааст. Ба иттилои кишоварзон, имсол масоҳати умумии пахтазор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қариб 6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки назар ба соли 2019 беш аз 170 гектар зиёд мебошад. Дар ноҳия 21 хоҷагии кишоварзӣ ба кишту парвариши пахта машғул мебошанд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтароне, ки ба пахтачинӣ машғул буданд, туҳфа тақдим карданд.

Боздид аз боғи анор, нашъунамои зироати кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”, иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 16.09.2020

Сентябрь 16, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарвариро дар ҶДММ «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт аз нашъунамои пахта дар ҶДММ «Рахшона» боздид намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сардхонаҳо, анбори захираи маҳсулот ва фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Ашт дидан карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» боздид намуданд