Имрӯз бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Сентябрь 19, 2020 12:03

ДУШАНБЕ, 19.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00, дар варзишгоҳҳои мамлакат  бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар ин давр 19 сентябр дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе, «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо КМВА, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 20 сентябр «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ  байни ҳам рақобат  мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии охирини даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дастаи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Вохӯрии ин  дастаҳо дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ хеле ҷолиб баргузор шуд. Ба голи задаи легионери ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» Муҳиддин Одилов бозингарон Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров аз «Локомотив-Помир» тавассути зарбаҳои нишонрас ҷавоб доданд. Пас аз ин ғалаба дастаи  футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе ба ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромад.

Чемпионати Тоҷикистон.

Лигаи олӣ.                                         

Даври 13-ум

«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).

«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0

 «Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Алишер Баротов, 47 (2:0).

«Истаравшан» – «Истиклол» – 1:2

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 23 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 59 –пеналти (1:1). Рустам Соиров, 89 (1:2).

«Хатлон» – КМВА – 0:0

Чемпионати Тоҷикистон.

Лигаи олӣ.

Даври 14-ум

«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 10 (1:0). Салам Ашурмамадов, 23 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 54 (2:1).

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 6:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 5 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 9 (2:0). Шериддин Бобоев, 17 (3:0). Шериддин Бобоев, 34 (4:0). Шерзод Маҳамадиев, 48 (4:1). Шериддин Бобоев, 68 (5:1). Алишер Ҷалилов, 83 (6:1).

«Файзканд» – КМВА – 1:1

Голҳо: Анвар Муродов, 11 (1:0). Артем Гайдаш, 67 (1:1).

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 64  (0:1). Агблей  Ҷонс, 77 (1:1).

 ДАСТАҲО                             Б          Ғ         М        Б         ТТ                   Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  14  13  1  0  57-7  40
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  14  9  2  3  23-16  29
 3  «Хатлон» (Бохтар)  14  6  5  3  23-19  23
 4  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  14  5  5  4  21-18  20
 5  КМВА (Душанбе)  14  5  5  4  21-20  20
 6  «Душанбе-83» (Душанбе)  14  4  4  6  16-23  16
 7  «Файзканд»(Восеъ)  14  3  6  5  13-24  15
 8  «Локомотив-Помир» (Душанбе)  14  2  4  8  11-22  10
 9  «Истаравшан» (Истаравшан)  14  2  3  9  17-33  9
 10  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  14  2  3  9  17-37  9

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 гол,  Шериддин Бобоев («Истиқлол») — 10 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») ҳарду – 7 голӣ,  Парвиз Баки-Ахунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – бо 6 голӣ ва Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – бо 5 голӣ.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

19 сентябр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»   

Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан

«Локомотив-Помир» – КМВА

Варзишгоҳи «Нефтяник» Рӯдакӣ

«Файзканд» – «Душанбе-83»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 19, 2020 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид