МАҚСАД – ФАРОВОНӢ, ДАСТРАСӢ ВА АРЗОНИИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОРҲО. Байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ баста шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд. Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода дирӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста шуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Қарияи Боло, бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ва дар 11 нуқтаи дигари фурӯши пойтахт, ки зичии аҳолиашон зиёд аст, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил гардидаанд.
Раиси шаҳр Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»-ро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур дар пойтахт тадбирҳои муассир андешанд.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсиро вазифадор кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






