МАҚСАД – ФАРОВОНӢ, ДАСТРАСӢ ВА АРЗОНИИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОРҲО. Байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ баста шуд

Сентябрь 8, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз зимни сафари корӣ ба  шаҳри Турсунзода Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд. Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода дирӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода,  мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал  шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста  шуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки  дар асоси супориши  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Қарияи Боло, бозорҳои «Меҳргон»,  «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ва дар 11 нуқтаи дигари фурӯши  пойтахт, ки зичии аҳолиашон  зиёд аст, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил гардидаанд.

Раиси шаҳр Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»-ро вазифадор намудааст, ки  дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ  ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  бо иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур   дар пойтахт  тадбирҳои муассир  андешанд.

Рустами Эмомалӣ  ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсиро   вазифадор кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ  ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сентябрь 8, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд