«МАН ДӮСТДОРИ ВАТАНАМ…». Писари Раиси Бохтар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ин шаҳр хоҳиши хизмати ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро изҳор дошт

Сентябрь 24, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Писари Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода Мақсуд Саломзода 23 сентябр зимни суҳбат бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон, фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар хоҳиши хизмати ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро изҳор дошт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Зулайхо ҒОИБОВА иттилоъ дод.

Мақсуд Саломзода ба ҳайси муҳандиси ҷавон оид ба таҷҳизот дар ҶСП «Трансформер»-и шаҳри Бохтар фаъолият дошта, Мактаби олии технология ва энергетикаи Санкт-Петербургро хатм кардааст.

Ҳангоми суҳбат бо Сарвари давлат Мақсуд Саломзода гуфт, ки мехоҳад бо хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат кунад.

Тавре ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ӯро танҳо ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ва уҳдадорӣ дар назди Ватан ба хизмати ихтиёрии ҳарбӣ водор мекунад. «Ман дӯстдори Ватани хеш ҳастам ва ин тасмими шахсии ман аст – қарори шахси баркамол, ки қодир аст мустақилона тасмим гирад. Ман фикр мекунам, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоат гузарад ва дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳм гузорад. Ба тасмими ман барои хидмат дар артиш, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд,  падарам ё маслиҳати касе таъсир нагузоштааст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Мақсуд Саломзода, дар оилашон 8 фарзанд аст ва ӯ фарзанди панҷуми оила мебошад. Мусиқиро дӯст медорад ва бо чанд забон ҳарф мезанад.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, пас аз хидмат ӯ нақша дорад фаъолиятро аз рӯи ихтисос идома диҳад.

Солҳои охир роҳбарони мамлакат, аз ҷумла Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, то  шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам беҳтар карда шавад.

Даъват ва иҷрои хидмати ҳарбиро дар Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Дар бораи вазъи хизматчиёни ҳарбӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Сентябрь 24, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон