«МАН ДӮСТДОРИ ВАТАНАМ…». Писари Раиси Бохтар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ин шаҳр хоҳиши хизмати ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Писари Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода Мақсуд Саломзода 23 сентябр зимни суҳбат бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон, фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар хоҳиши хизмати ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро изҳор дошт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Зулайхо ҒОИБОВА иттилоъ дод.
Мақсуд Саломзода ба ҳайси муҳандиси ҷавон оид ба таҷҳизот дар ҶСП «Трансформер»-и шаҳри Бохтар фаъолият дошта, Мактаби олии технология ва энергетикаи Санкт-Петербургро хатм кардааст.
Ҳангоми суҳбат бо Сарвари давлат Мақсуд Саломзода гуфт, ки мехоҳад бо хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат кунад.
Тавре ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ӯро танҳо ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ва уҳдадорӣ дар назди Ватан ба хизмати ихтиёрии ҳарбӣ водор мекунад. «Ман дӯстдори Ватани хеш ҳастам ва ин тасмими шахсии ман аст – қарори шахси баркамол, ки қодир аст мустақилона тасмим гирад. Ман фикр мекунам, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоат гузарад ва дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳм гузорад. Ба тасмими ман барои хидмат дар артиш, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд, падарам ё маслиҳати касе таъсир нагузоштааст», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Мақсуд Саломзода, дар оилашон 8 фарзанд аст ва ӯ фарзанди панҷуми оила мебошад. Мусиқиро дӯст медорад ва бо чанд забон ҳарф мезанад.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, пас аз хидмат ӯ нақша дорад фаъолиятро аз рӯи ихтисос идома диҳад.
Солҳои охир роҳбарони мамлакат, аз ҷумла Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, то шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам беҳтар карда шавад.
Даъват ва иҷрои хидмати ҳарбиро дар Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва «Дар бораи вазъи хизматчиёни ҳарбӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






