Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи видеоконференсия баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳамияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлати ҳамҷавор таъкид гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти паҳншавии вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлат дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.
Тарафҳо ба ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва механизми навтаъсиси «Осиёи Марказӣ – Чин» изҳори умедворӣ карданд. Онҳо ин ду ҳамоишро шакли муҳими тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.
Иштирокдорон масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии мамлакат – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти давлат аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босруъати ҷумҳуриро баррасӣ карданд.
Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар поёни машваратҳои сиёсӣ иштирокдорон аз ҳар ду ҷониб изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои иштироки ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлати дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






