Нигина Ализода, муовини якуми Вазири адлия: «Санадҳои қабулгардида Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ намуданд»

Сентябрь 9, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сулҳу ваҳдат дар роҳи таъмини рушди сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас  ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин давра барномаҳои мукаммали ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ гардида, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақомоти адлия, ки яке аз ниҳодҳои калидии ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар таҳкими қонуният, пойдорӣ ва рушди давлат нақши муассир гузошт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар робита ба ин мавзӯъ бо муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина АЛИЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандони соҳаи адлияро бо ҷашни умумимиллии кишварамон табрик менамоем. Бигӯед, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдорӣ ва рушди давлати соҳибистиқлол чӣ нақш дорад?

Нигина Ализода: Ташаккури зиёд. Шумо ва кулли кормандони АМИТ «Ховар» ва ҳар фарди Ватани азизамонро бо ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, сулҳу оромӣ ва бахту иқбол орзу мекунам.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1991 Тоҷикистон  ба давраи таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра дар  фаъолияти мақомоти адлия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта шуд. Нақши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди рукнҳои давлати соҳибистиқлол, таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин адолати иҷтимоӣ назаррас аст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои ҳамешагии кормандони соҳа қонун ва санадҳои зерқонуние қабул шуданд, ки дархӯри ниёз ва ормону тақозои мардуми фарҳангпарвар ва тамаддунсози Тоҷикистон гардида, онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявию ягона муаррифӣ намуд.

Бо ширкати фаъолонаи мақомоти адлия давлати мо ба як зумра санадҳои байналмилалливу  минтақавӣ имзо гузошта, имконияти ҳамоҳангшавии сохторҳои марбутаи мамлакатро ҷиҳати мутобиқаташон ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ фароҳам овард. Инчунин давра ба давра таъмин намудани принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ аз дастовардҳои даврони Истиқлолият мебошанд, ки саҳми Вазорати адлия дар он  эҳсос мегардад.

АМИТ «Ховар»: Пурарзиштарин қонуне, ки дар даврони истиқлол аз ҷониби Парлумон ва мутахасиссони адлия таҳия шуд?

Нигина Ализода: Ин қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати ҳуқуқии сарнавиштсози миллат бори нахуст Тоҷикистони азизи моро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона арзёбӣ кард ва таъмини волоияти қонун ва мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандиро унсури муҳими ташаккули давлат маънидод намуд.

Дар қатори пурарзиштарин қонунҳое, ки дар даврони Истиқлолият бо кӯшишҳои пайваста ва кордонию малакаи баланди касбии кормандони соҳа қабул гардидаанд, ин Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон», қонунҳои соҳаи моликияти зеҳнӣ, роҳандозии ислоҳоти ҳуқуқӣ, татбиқи равандҳои демократикунонии ҷомеа ва ташаккули низоми қонунгузорӣ бо дарназардошти арзишҳои демократӣ, дар шакли сифатан нав қабул гардидани қонун ва қоидаҳои ҳолатҳои САҲШ, қонунгузорӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, танзими масъалаҳои гендерӣ, қабули қонунҳои миллии ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қабули қонунҳои соҳаи маориф ва илму фарҳанг, қабули қонунҳои соҳаҳои тандурустиву иҷтимоӣ, қабули қонунҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, андозу гумрук, молияву бонкдорӣ, нақлиёту энергетика, сохтмону саноат ва ғайра мебошанд, ки ҳама дар даврони Истиқлолият ба тозагӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки мақому манзалати қонун дар давлатҳои демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим буда, риояву эҳтироми он шарти асосии таъминкунандаи рушду инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Зеро таъмини волояти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ба хотири танзими ҳуқуқиву ба низомдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоту сохторҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.

Қабули ин қонунҳо дар мамлакат фазои сулҳу амният ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам оварда, барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ягонагӣ ва дахлнопазирии ҳудуд, таъмини сиёсиву ҳамгироии мардум ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқиро таъмин намуд.

АМИТ «Ховар»: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати танзими тӯю маъракаҳо, коҳиши мизони талоқ ва саодати хонаводаҳо чӣ нақши калидӣ гузошт?

Нигина Ализода: Мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар ин давра барои ба ин замони тинҷиву оромӣ дастёб гардидан чанд барномаҳои миллӣ таҳия ва амалӣ шуда, мардуми тоҷик тибқи қонунҳои баррасигардида самти фаъолияти хешро ба роҳ монд. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра имкон фароҳам овард, ки дар ҷомеа аксар сокинони мамлакат тибқи қонунҳои зикргардида амал карда, маросими тӯю дигар маъракаҳои хешро ба низом дароранд. Баргузории тӯю маъракаҳои миллӣ бо иштироки теъдоди муайян имкон фароҳам овард, ки ҳар як оила вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро боз ҳам беҳтар намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Таҳлилҳо ва рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки қабули қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну маросимҳои оилавӣ сабукиҳо оварда, боиси сарфа намудан ва дурусту мақсаднок истифода намудани маблағҳо дар оилаҳо гардид. Ҳамзамон, татбиқи қонуни мазкур боис гардид, ки хушунату нофаҳмӣ ва ҷудошавии оилаҳо кам гардида, саодати хонаводагӣ таъмин гардад.

11 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот анҷом дода, аз ҷумла зикр карданд: «Қонуни мазкур, ҳамчунин боиси болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт.

Масалан, дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Яъне ин маблағҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намудаанд».

Соли 2019 бо мақсади омӯхтани таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон дархост ирсол гардид. Таваҷҷуҳ зоҳир намудани ин мамлакатҳо дар самти омӯзиши таҷрибаи қонуни танзим аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур дурбинона буда, дар хориҷи мамлакат низ мавриди эътироф қарор гирифтааст.

АМИТ «Ховар»: Тоҷику тоҷикият. Истиқлолият ба фазои тоҷикии номи одамон ва кӯчаву хиёбон ва деҳаву ноҳия ва шаҳрҳо чӣ гуна таъсир гузошт?

Нигина Ализода: Даврони Истиқлолият барои миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо боз аз нав имконият фароҳам овард, ки ба асли хеш рӯй оварда, забони давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ, унсурҳои давлатдории қадимии ниёгони худро эҳё намуда, онро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Зиёда аз ин, дар ин давра кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба номи қаҳрамонони воқеии миллат ва шахсони арзандаву баруманд номгузорӣ гардида, хотираи неки онҳо пос дошта шуд.

Бад-ин васила саҳифаҳои таърихи халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё гардида, ба ояндагон барои сабақи таърихӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва пешрафта муаррифӣ карда шуд. Дар заминаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва пойдории рукнҳои давлатдорӣ Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид гардида, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Наврӯз, шашмақомхонию фалаксароӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё шуда, гиромидошт ва ҳифзу муаррифии мероси фарҳангиву ёдгориҳои таърихӣ, қабили Саразм, Ҳулбук ва ғайраҳо таъмин гардид. Ҳамзамон, дар қатори дигар дастовардҳои Истиқлолият дар ин самт Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуда, феҳрести номҳои миллӣ тоҷикӣ таълиф гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои занон чӣ гуна шароити ҳуқуқӣ фароҳам омад?

Нигина Ализода: Баъди ба даст овардани истиқлолият дар мамлакат  мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.

Сарвари давлат ҳамеша дар  паёмҳо, мулоқот ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд.  Мо – занони даврони истиқлолият ифтихор мекунем, ки дар чунин давлати  орому осуда ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем.

Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

Барои таъмини иштироки занон  дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат санадҳои меъёрию ҳуқуқии гуногун қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақоми занон нақши  муҳим мебозанд.

Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати ҶТ Нақшаи миллии тадбирҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани  мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005 тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт- ин фармони  Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани  ҷомеаи  Тоҷикистонро таъкид месозад.

Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи  миллии фаъолгардонии  нақши занон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» тасдиқ гардид.

Дар маҷмӯъ тамоми санадҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  қабул гардиданд, ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани  мақоми  зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар  идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби  духтарон  замина гузоштанд.

Кормандони мақомоти адлия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро амалӣ карда, уҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки аз зиддияту ихтилофҳо холӣ нест, тақозо менамояд, ки ҳар шаҳрванди  Ватани маҳбубамон дар амри дифоъ аз истиқлолият тавассути фикру амали созанда, ободгариву бунёдкорона, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бо эҳтиром гузоштан ва гиромӣ доштани муқаддасоти ин сарзамини аҷдодӣ  содиқ бошад.

Танҳо сатҳи маърифату маънавиёт, доираи ҷаҳонбинӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳушёриву зиракӣ, огоҳии ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ ва ифтихори миллӣ ҳамчун сифатҳои асосии шаҳрвандон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пойдории он мусоидат намуда, дар оянда низ маром, ҳадаф ва манфиатҳои миллиамонро таъмин месозад.

Аз фурсат истифода бурда, Истиқлоли Тоҷикистони азизро ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик муборак мегӯям.

Сентябрь 9, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»