НИЁИШ. Доктор Ҳумайро Накҳат Дастгирзода аз олам даргузашт

Сентябрь 5, 2020 08:51

ДУШАНБЕ, 05.09.2020/АМИТ «Ховар»/.  Доктор Ҳумайро Накҳат Дастгирзода, шоир ва адабиётшиноси маъруфи Афғонистон, ки дар ҳиҷрат буд ва чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мебурд, ҷаҳонро падруд гуфт. Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб дирӯз, 4-уми сентябр, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст.

Рустами Ваҳҳоб дар идома чунин нигоштааст: «Мавсуф дар Ҳамоиши ҷаҳонии шеъри ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар соли 2016 дар Душанбе ширкат дошт ва ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ин ҳамоиш сафар карда, ашъори дилнишини худро барои мардум қироат намуд. Аз ин сафар ибрози шодмонӣ ва масаррати зиёд дошт. Ҳамеша бо идораи маҷалла ҳамкорӣ мекард ва хусусан ҳар сол барои вижаномаи наврӯзии маҷалла ашъори тозаи худро мефиристод».

Рустами Ваҳҳоб дар фарҷом бо овардани  як ғазали наврӯзии шодравон аз вижаномаи наврӯзии соли 2019-и  «Садои Шарқ» навиштааст: «Ёду хотири ӯро гиромӣ медорем ва барои пайвандону мухлисони ашъораш арзи тасалло менамоем».

 

 

НИЁИШ

Наврӯз, боғи хастаи моро баҳор деҳ,
Дар дастҳои яхзадааш обшор деҳ.

Дар лаҳзаҳои тирагии яъсҳои талх
Овезаҳои нур биёвезу нор деҳ.

Наврӯз, он нигоҳи ғамини парандаро
То интиҳои лаззати парвоз тор деҳ.

Дасти тамоми панҷараҳои шикастаро
Дар дасти боғи равшани уммедвор деҳ.

Наврӯз, ман хаёли туам, пур зи ошиқӣ,
Ишқам, маро ба боли насиму ғубор деҳ.

Бигзор бигзарад зи хами кӯча офтоб,
Ин чашмро чу оинаҳо эътибор деҳ.

Андӯҳи рӯзгори ба хушкӣ нишастаро
Аз синаҳо бичину ба боди шарор деҳ.

Инак, тулӯъи тоза, биёрой боргоҳ,
Наврӯз, сарзамини маро хону бор деҳ.

Сентябрь 5, 2020 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд