Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби замонавӣ

Сентябрь 24, 2020 08:06

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Восеъ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят ва ноҳия, хосса сокинони заҳматқарини ноҳияи Восеъ бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бо гузоштани санги асос барои бунёди Мактаби наву замонавӣ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои бунёди Муассисаи таҳсилоти муёнаи умумӣ расман оғоз бахшиданд.

Дар асоси лоиҳа, мактаби нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб дар заминаи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб 2-ошёна буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.

Тарҳи мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдончаҳо барои машқҳои озод ва бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол иборат буда, тибқи он бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла утоқҳои ҳунаромӯзӣ низ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа ҳамзамон дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулинро ба татбиқи босифати лоиҳа ҳидоят намуда, дар самти риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла сифати сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби наву замонавӣ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар