Осорхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» гардид

Сентябрь 10, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» дар бахши ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice) дар соли 2020-ро соҳиб гардид.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» (Tripad visor) ҳамасола ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice)- ро дар бахшҳои имконоти манзил, ҷойҳои тамошобоб ва тарабхонаҳо ба онҳое тақдим менамояд, ки пайваста аз ҷониби сайёҳон шарҳҳои беҳтарин мегиранд.

Дар сомонаи мазкур сайёҳон дар бораи меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ҷойҳои тамошобоби саросари олам шарҳҳои худро навишта, дар асоси ин навиштаҳо мақом (рейтинг)-и онҳо муайян, нархҳои ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоҳо муқоиса мегарданд.

Дар шарҳи аксарияти сайёҳон омадааст, ки сатҳи хизматрасонӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз савияи донишу забондонии роҳбаладон қаноатманд мебошанд. Пешниҳоди паиҳами давраҳои таърихӣ ва инъикоси фарҳанг, табиат ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон омили дигари маҳбубият пайдо кардани он миёни сайёҳон ба ҳисоб меравад.

Яке аз меҳмонон дар ин сомона навиштааст: «Макони беҳтарин мебошад. Ошёнаҳои он инъикосгари давраҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, ганҷҳои фарҳангӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Роҳбаладони ботаҷриба ва касбӣ, ки кори худро дӯст медоранд, ҳар яке барои ошёнаи худ ва толорҳои муайян масъул мебошанд. Дар ин ҷо, ҳар як гӯшаи он бо таърихи мамлакат нафас мекашад. Ман ба таҳқиқ барои ташриф ба ин макон тавсия медиҳам!».

Мавриди зикр аст, ки «Трайп Эдвайзер» сомонаи сайёҳии амрикоӣ буда, соли 2000 таъсис дода шудааст. Сомона ба истифодабарандагони худ имкон медиҳад, то сафари худро ба дилхоҳ кишвари дунё ба нақша гиранд. Айни замон ин сомона дар 45 давлат бо 25 забон фаъолият намуда, инчунин ба 315 миллион нафар меҳмонон хизмат мерасонад.

Дар ин сомонаи сайёҳӣ зиёда аз 70 миллион корбарон сабти ном шуда, бо зиёда аз 200 миллион шарҳ дар ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намудааст.

Сентябрь 10, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад