Осорхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» дар бахши ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice) дар соли 2020-ро соҳиб гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» (Tripad visor) ҳамасола ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice)- ро дар бахшҳои имконоти манзил, ҷойҳои тамошобоб ва тарабхонаҳо ба онҳое тақдим менамояд, ки пайваста аз ҷониби сайёҳон шарҳҳои беҳтарин мегиранд.
Дар сомонаи мазкур сайёҳон дар бораи меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ҷойҳои тамошобоби саросари олам шарҳҳои худро навишта, дар асоси ин навиштаҳо мақом (рейтинг)-и онҳо муайян, нархҳои ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоҳо муқоиса мегарданд.
Дар шарҳи аксарияти сайёҳон омадааст, ки сатҳи хизматрасонӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз савияи донишу забондонии роҳбаладон қаноатманд мебошанд. Пешниҳоди паиҳами давраҳои таърихӣ ва инъикоси фарҳанг, табиат ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон омили дигари маҳбубият пайдо кардани он миёни сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Яке аз меҳмонон дар ин сомона навиштааст: «Макони беҳтарин мебошад. Ошёнаҳои он инъикосгари давраҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, ганҷҳои фарҳангӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Роҳбаладони ботаҷриба ва касбӣ, ки кори худро дӯст медоранд, ҳар яке барои ошёнаи худ ва толорҳои муайян масъул мебошанд. Дар ин ҷо, ҳар як гӯшаи он бо таърихи мамлакат нафас мекашад. Ман ба таҳқиқ барои ташриф ба ин макон тавсия медиҳам!».
Мавриди зикр аст, ки «Трайп Эдвайзер» сомонаи сайёҳии амрикоӣ буда, соли 2000 таъсис дода шудааст. Сомона ба истифодабарандагони худ имкон медиҳад, то сафари худро ба дилхоҳ кишвари дунё ба нақша гиранд. Айни замон ин сомона дар 45 давлат бо 25 забон фаъолият намуда, инчунин ба 315 миллион нафар меҳмонон хизмат мерасонад.
Дар ин сомонаи сайёҳӣ зиёда аз 70 миллион корбарон сабти ном шуда, бо зиёда аз 200 миллион шарҳ дар ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намудааст.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






