Пагоҳ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Сентябрь 22, 2020 09:59

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 сентябр дар пойтахт Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, дар бораи натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Раиси шаҳр барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то  21 сентябри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон гардишвохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2020 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид