Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд

Сентябрь 14, 2020 17:35

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия таровати дигар бахшид.

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари ин иншооти фарҳангӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, арзиши лоиҳавии он беш аз 30 миллон сомониро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ аз ҷониби беш аз 100 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Сохтмон-3» ба анҷом расонида шуд.

Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо дарназардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ гардидааст. Девору сақфи бинои навбунёд низ бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст, ки аз санъати волои меъмории миллӣ дарак медиҳад.

Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, раққосӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхонаи бачагона, толори хониш ва бозии шоҳмот мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.

Дар таҳхонаи бинои Қасри фарҳанг толори рақс, студияи сабти овоз, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 30 номгӯи сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.

То имрӯз аҳли фарҳанги ноҳия дар бинои кӯҳна, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои қасри тозабунёд кормандони Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар шароити аразандаву замонавӣ фаъолият менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёди қасри муҳташами фарҳангиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги ноҳия тӯҳфаи арзишманд арзёбӣ намуданд.

Дар баробари бунёди Қасри муҳташами фарҳангӣ хонаҳои фарҳангии мавҷуда аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳони маънавии сокинон то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ 6 хонаи фарҳанг ва 4 китобхона сохта ба истифода дода мешавад.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ пешниҳод карда шуд.

Ифтитоҳ Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе