Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Июль 8, 2025 11:47

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.

Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи муҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.

Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ намуд.

Баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.

Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҳамчунин, атрофи ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон 08.07.2025

Июль 8, 2025 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия