Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд карда шуда, дар рӯзҳои истиқбол аз истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат ба шароити фароҳамгардида дар Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” баҳои баланд дода, истифодаи мақсадноку самарабахши имконоти мавҷударо ҳатмӣ ҳисобиданд.
Дар ошёнаи якуми иншооти навбунёд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба дастовардҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб баланд гардид. Ҳамзамон дар ин давра коргоҳу корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сокинони зиёд ба шуғли доимӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки имрӯз барои соҳибкорону сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат имконоти фарох фароҳам оварда шудаанд.
Дар толори васею барҳаво ва дорои шароити хуби ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат бо натиҷаи кори олимон ва соҳибкорони ҷавони соҳаи технологияи иттилоот шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои соҳаи технологияи иттилоотии вилоят на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мебаранд.
Сол аз сол содироти барномаҳои технологӣ-коммуникатсионии мутахассисони тоҷик зиёд мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми олимони тоҷикро дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат назаррас ҳисобида, онҳоро барои дар оянда гузоштани саҳми бештар дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ҳидоят карданд.
Корҳои сохтмонии бинои Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” аз ҷониби коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон сохтмон ва К” бо сифати баланд ба итмом расидааст.
Ҳангоми бунёди Марказ тамоми усулҳои хизматрасонии муосир ба назар гирифта шуда, дар он беҳтарин шароити фаъолият муҳайё мебошад.
Дар ин маркази хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар имкони хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дошта, дар амалӣ намудани корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони ватандӯст низ назаррас аст. Бунёди иншооти муосири гуногунҷабҳа ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд.
Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон плаза” низ бо тарҳи хос сохта шудааст.









ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






