Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

Сентябрь 12, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз намоишгоҳи кишоварзони шаҳр ва ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳқонони шаҳри Панҷакент бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ мондаанд.

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр майдони кишти зироати кишоварзӣ 28 ҳазору 152 гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 500 гектар зиёд мебошад.

Соли равон дар хоҷагиҳои шаҳри Панҷакент 14 ҳазору 473 гектар ғалладонагиҳо, 6 ҳазору 623 гектар картошка ва 2 ҳазору 126 гектар сабзавот кишт шуда буд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳри Панҷакент бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар кишти такрорӣ дар майдони 2220 гектар, аз ҷумла 82,3 гектар картошка, 300 гектар ғалладонагиҳо ва 315 гектар сабзавот коридаанд, ки аллакай қисман ҷамъоварӣ гардида, дар заминҳои боқимонда корҳои ҳосилғундорӣ идома доранд. Ба ҳолати даҳаи якуми моҳи сентябри соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 225 тонна маккаи дон, 59 ҳазору 856 тонна картошка, 43 ҳазору 75 тонна сабзавот, 12,5 тонна мева ва 732 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии шаҳр ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, танҳо давоми соли равон дар майдони 15 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 8 гектар боғ ва 7 гектар токзор бунёд карда шудаанд. Ҳамчунин 93 гектар боғоту токзори кӯҳна барқарор гардида, дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд шуд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур дорои 1460 гектар замин буда, аз ин 259,19 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ сабзавоткорӣ буда, ҳамасола ҳосили бадастомада ба бозорҳои дохилу хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Вабаста ба вазъияти баамаломада саҳмдорони хоҷагӣ кишту парвариши навъҳои картошкаро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳамин аст, ки баъди бардошти ҳосили якум, хоҷагидорон майдони такрории кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуданд, ки ҳоло нашуънамои хуб дорад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқононро ба васеъ намудани майдони кишти маҳсулоти аввалин ва рушди боғу токпарварӣ ҳидоят намуданд.

Кишоварзон ваъда доданд, ки ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатии вобаста ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамеша талош намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Сентябрь 12, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон