Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, аз ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 460 метри мураббаъ бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.
Иншооти мазкур аз 36 утоқи кориву хизматрасонӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи навбатдор, ҳуҷраи қабули даъватшавандагон, ҳуҷраҳои махсус баҳри гузаронидани муоина ва ташхиси тиббӣ, толор барои баргузории ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, аз ҷумла Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити кори иншоот он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Аснои ба истифода супоридани иншоот Пешвои миллат ба лоиҳаи татбиқшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳарбӣ баҳои баланд доданд.
Иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ давоми солҳои 2019-2020 ба нақша гирифташудаи Вазорати мудофиа бунёд карда шудааст.
Атрофи бино дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо деворҳои мустаҳкам ва ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ҷавобгӯ маҳкам карда шуда, аз қисмати дохили бинои Комиссариат дар масоҳати 800 метри мураббаъ майдони сафороӣ бо минбар, шаҳраки варзишӣ, фаввораи замонавӣ, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон се суҳбатҷой низ бунёд карда шудаанд.
Ҳамзамон дар масоҳати 1700 метри мураббаъ ҳудуди иншооти мазкур бо гулу буттаҳо, растаниҳои гуногун, дарахтони ороишиву сояафкан сабзу хуррам гардонида шуда, майдони сафороӣ, роҳраву дигар ҳудуди бинои Комиссариати ҳарбӣ асфалтпӯш гардидааст.
Дар маҷмӯъ, бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ мувофиқ ба меъёрҳои ҳарбӣ ва пурра ба талаботи муосири низомӣ мутобиқ гардонида шуда, барои кору хизмати афсарон ва фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии он шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Зимни ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарон ва ҳайати шахсии ин ниҳоди низомии мамлакатро барои ба нафъи давлату миллат содиқона хизмат намудан ҳидоят карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






