Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд

Март 19, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил гардид, ки дар онҳо хӯрокҳои қадимии халқи тоҷик омода ва пешниҳоди меҳмонон карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати ин ҷашни миллӣ иброз шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба шумор меравад. Ин иди куҳанбунёд, ки аз умқи таърихи тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад, имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими умумибашарӣ табдил ёфтааст.

«Таҷлили Наврӯзи имсола ба соли таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, ба ин ҷашни пуршукуҳи миллӣ шаҳомати бештар мебахшад. Ин рӯйдоди муҳим моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият, меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем», – гуфта шуд зимни ҳамоиш.

Иброз гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ ин ҷашни аҷдодиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талош барои пешрафту шукуфоии Ватан таҷлил менамоянд.

Дар доираи ҳамоиши наврӯзӣ байни факултетҳои донишгоҳ таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» озмун баргузор гардид. Озмун аз номинатсияҳои «Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ», «Беҳтарин намоиш ва анъанаҳои наврӯзӣ», «Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ» ва «Беҳтарин суруд ва рақси идона» иборат буд.  Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян шуда, бо Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 19, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад