Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд

Март 16, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  намоиши махсуси асарҳои кафедравӣ таҳти унвони «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Дар асарҳо мавзуъҳои Ватан, истиқлолият, табиат ва ҳаёти мардум ба шакли ҷолиб ва бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сироҷиддин  Ҷурахонзода иброз намуд, ки «мо дар намоиш маҳорати эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни худро мебинем, ки баёнгари ҳисси ифтихор ва меҳри онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ ва санъати миллӣ мебошад».

Ба эҷодиёти омӯзгорону шогирдон баҳои баланд дода шуда, аҳамияти рушди санъат ва нақши кафедраҳо дар тарбияи насли нави ҳунармандон муҳим арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки ҳар асар инъикоскунандаи эҷод ва ҳисси баланди эстетикӣ буда, нишон медиҳад, ки донишҷӯён техника ва маҳорати касбиро азхуд карда, метавонанд дар рушди ҳунар ва пойдории анъанаҳои мактаби классикӣ низ саҳм гузоранд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Март 16, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд