Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид.
Марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






