РӮҲИ РӮДАКӢ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти тоҷику форс таҷлил карда мешавад

Сентябрь 22, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари  сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад.  Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст. Ифтихори миллии мо тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ эълон гардидааст. Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикӣ-форсиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва  дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.  

Аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудааст. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин андак коре нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навоварҳои эҷодиёти  устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазору анд сол ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.

Чунон ки гуфтем, таъсиси Рӯзи Рӯдакӣ дар мамлакати мо самара ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба шарофати он сеюми майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” иловае ворид шуд, ки бар асоси он 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.

Ин ҷо мехоҳам вобаста ба ин мавзӯъ боз як санаи таърихии дигареро марбути ин мавзӯъ ёдовар шавам, то дар муқоса бубинем, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои миллати мо чӣ шарофат ва хуҷастагӣ овардааст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1926  Вазорати маорифи Тоҷикистон  қароре ба тасвиб расонида буд, ки бар асоси он рӯзҳои дуюм ва сеюми ҷашни Наврӯз Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардиданд. Ҳарчанд ҳадаф аз он  таҳкими  худогоҳии таърихӣ, шинохти мероси ниёгон ва омӯзиши илму дониш буд  ва рӯзномаи “Овози тоҷик” паёмҳое даъваткунанда ба хонандагон мунташир сохт, аммо он замон  Рӯзи Рӯдакӣ  ба ҷашни миллӣ табдил наёфт ва бо дасисаҳои  бадхоҳону нотавонбинон, ки мероси фарҳангии ҳазорсолаи тоҷиконро нодида мегирифтанд, аз байн бурда шуда, аз хотирҳо фаромӯш гардид.

Аммо дар замони мо ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат  Рӯзи Рӯдакӣ ба яке аз ҷашнҳои миллии мо табдил ёфт, ки ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили нахустин Рӯзи Рӯдакӣ паёме ба тасвиб расониданд, ки дар он омадааст:

«Имрӯз мо адолати таърихиро барқарор кардем. Ва рӯзи Рӯдакиро ба рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг табдил хоҳем дод. Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост.

Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири  тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мост. Шубҳае нест, ки ин ид ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзиву ояндаи тоҷик мусоидат мекунад ва масъулияти онро дар рушду камоли Тоҷикистон меафзояд».

Ва ё зимни яке аз суханрониҳои дигар Пешвои миллат гуфтаанд:  «Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо амсоли гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати атрогинаш  зиндагии моро ҳамеша  муаттару мусаффо месозад. Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари  наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик аст. Вай мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик хоҳад буд».

Ба андешаи банда, агар ба суханрониҳои Президентамон дар мавридҳои гуногун бо таваҷҷуҳи бештар бингарем, мебинем, ки Пешвои миллатамон ба ҷуз аз иқдомҳову ташаббусҳо нисбат ба базургдошту  поси хотири адибони бузурги гузаштаамон, худ дар сафи муҳаққиқону донишмандони варзида дар шинохту баҳогузории онон ибрози андешаҳои пурарзиш доштаанд.

Масалан, ҳанӯз  моҳи апрели  соли 2020 дар мулоқоти навбатии сарони мамлакатҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Алмато баргузор гардида буд, зимни суханронӣ ин панди устод Рӯдакиро ёдовар шуданд, ки он тимсоли дурахшони бо роҳи накӯкориву хираду дурандешӣ ҳал намудани тазодҳои мураккаб ва пурпечутоби ҷаҳони имрӯза ва масоили тақдирсози ҳаёти башар мебошад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Пас аз овардани ин байтҳо Президенти Тоҷикистон  изҳор доштанд, ки «ба ақидаи ман, даъвати шоири бузурги инсонпарвар ба накӯкорӣ барои наҷоти  инсон ва ояндаи он имрӯз, вақте ки мо бо зуҳуроти нав ба нав рӯ ба рӯ мегардем,  комилан бо вазъияти кунунӣ ҷавобгӯ мебошад».

Мавриди дигаре, ки Пешвои миллат бо ҳамон фазилати хоси худ  дар маърӯзаашон санад аз устод Рӯдакӣ овардаанд, моҳи августи соли 2003 дар Анҷумани  байналмилалии  “Оби тоза”, ки бо иштироки 50 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе  доир гардида буд, рух додааст. Президенти мамлакат меҳмононро бо суханони машҳури Одамушшуаро Рӯдакӣ хайра мақдам гуфтанд. Каломи устод Рӯдакӣ озарахше буд, ки дилу дидаи иштирокдорони  анҷуманро равшан намуд ва кафкӯбиҳои самимонаи ҳозирин, истиқболи ниҳоят гармашон нишони арҷгузорӣ ба сухани баланди шоир ва ба ҳадаф расидани суханони Президенти мо буд.

Байти дигари устод Рӯдакӣ, ки аз забони Сарвари давлати тоҷикон дар ҷамъомаду ҷаласаҳои бошукӯҳ борҳо садо додааст, ин аст:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Сарвари давлат дар яке аз ҷаласаҳои сатҳи баланди давлатӣ оид ба рушди мактабу маориф пас аз овардани байти боло моҳияти онро низ ба тариқи зайл шарҳ дода буданд:

«Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон дар роҳи ҳалли мушкилҳо меҳисобад. Вале аз дидгоҳи ин шоири бузург ба таҷрибаи рӯзгор ва ҳаводиси ҷаҳон бо чашми хирад бояд нигарист. Ва ин ҳамаро танҳо аз роҳи илму дониш дарк бояд кард. Зеро дониш хирадро сайқал ва чун чароғи равшан ба инсонҳо роҳи росту дурусту некро нишон медиҳад, ӯро аз ҳама офату зарарҳо ҳимоят менамояд ва шахси донишманд ва хирадмандро дар чашми мардум муҳтарам мегардонад».

Мо медонем, ки Сарвари давлатамон яке аз посдорандагони воқеии забони тоҷикӣ буда, дар гирифтани мақоми қавии давлатӣ ва рушду нумӯи имрӯзи он саҳми бузург гузоштаанду мегузоранд. Сарвари давлатамон пайваста зикр мекунанд, ки забони мо ҳамон забони Устод Рӯдакист, ки бо он ҳама тару тозагӣ, покию беолоишӣ  то ба имрӯз пойдор аст ва бо ин забон яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, асилтарину зеботарин ашъор ва  муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳон офарида шудааст. Ва таъкид кардаанд, ки забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ се шохаи  як дарахти пурбор ва тануманде ҳастанд, ки ба умқи таърих  ва ба осори Рӯдакиву Фирдавсӣ ва бузургони дигар решаҳои қавию ҷовидонӣ давондаанд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмиллалӣ  ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ бо камоли ифтихору қаноатмандӣ гуфта буданд:

«Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардумони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон  ва дигар форсигӯён хидмат мекунад, балки чун забони байналмиллалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги мардумони Осиёи Миёна, Қавқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири бузург гузоштааст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор, бидуни шак, сарвати миллии тамоми форсизабонон аст».

Таваҷҷуҳ ва муносибати хоссаи Сарвари давлат ба устод Рӯдакӣ буд, ки аз иқдоми баргузории ҷашни 1150-солагии устод дар соли 2008  он кас худ моҳи сентябри соли 2006 дар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе эълом дошта буданд ва минбаъд  тамоми омодагиҳо ба ҷашни устод Рӯдакӣ таҳти раҳнамоии  Президенти мамлакат ҷараён гирифт.

Яке аз аввалин иқдомҳо амри Президент аз 29 марти соли 2007 дар бораи бунёди Боғи устод Рӯдакӣ ва маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоир гардид. Боғи пешинаи  марказии  фарҳангу фароғатии  пойтахт дар бадали  беш аз як сол симои худро ба куллӣ  тағйир дод ва бо фаввораҳои рангини бешумор, гулгаштҳои назаррабо, роҳравҳои хуштарҳу нозанин, анвои дарахтони ҳамеша сарсабз аз тамоми гӯшаҳои дунё зебу оро ва шукӯҳи тоза ёфт. Ҳамзамон дар оғӯши ин боғи биҳиштосо пайкарае, ки симои ҷавонии устод Рӯдакиро таҷассум мекунад,  қомат биафрохт.

Барои навсозии боғ ва бунёди пайкараи биринҷии шоир, ки ҳафт метр баландӣ дорад, 32,5 миллион сомонӣ ба масраф расидааст.

Боғи устод Рӯдакӣ дар масоҳати қариб 13 гектар доман густурда,  бо майдони Дӯстӣ, маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, китобхонаи миллӣ,  Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ дар мувозинати том  қарор дошта, яке ба дигаре ҳусни тоза  ва шукӯҳу шаҳомати  беандоза мебахшанд.

6 сентябри соли 2008 дар кохи Ваҳдат  таҳти унвони “Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон” бо ширкати намояндагони 30 кишвари ҷаҳон Симпозиуми  байналмиллалӣ доир гардид, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронии муфассал намуданд.

Ба андешаи Президенти мамлакат, Рӯдакӣ фарогири илму дониши Шарқу Ғарб буда, бо дарки эзидӣ рисолати миллатсоз ва масъулияти таърихии худро дарк намуда, адабиёти муҳташамеро бунёд гузошт, ки он дар гирдоби пурпечутоби таърих чун кӯҳ пойдор ва аз боду борони замон эмин бимонд.

Сарвари мамлакат хидматҳои беназири  устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуровро дар дубора ҳамчун шоири миллии тоҷикон ва ифтихори миллии онҳо  мақом пайдо кардани Рӯдакӣ таъкид карданд.

Даҳуми сентябр пас аз тантана дар зодгоҳи Одамушшуаро- Панҷрӯд, воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ  Пешвои миллат дар суханронии муфассали худ таъкид доштанд:

«Ман имрӯз  аз он ифтихор ва шукрона дорам, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент – зодгоҳи устод Рӯдакӣ ҷашни зодрӯзи ин шоири  мутафаккир ва фарзонаи миллати тоҷикро баъд аз 50 соли  ҷашни гузаштаи ӯ дар шароити давлати озоду соҳибистиқлол ҳамроҳи шумо таҷлил менамоям. Муҳаққиқон ва донишмандон устод Рӯдакиро барҳақ «офтоби гавҳари Сосон»  ва «фурӯғи дудаи Сомон» гуфтаанд. Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо ба монанди гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати  атрбораш зиндагии моро доим муаттару зебо месозад.  Шеъри Рӯдакӣ  пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаиимиллати тоҷик аст».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор таъкид намуданд, ки ватани устод Рӯдакӣ аз қадимтарин сарзамини Машриқзамин аст ва ин ҳақиқатро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва мояи ифтихори мардуми тоҷик аст, ки Панҷакентро “Помпеи Шарқ” ва “Флоренсиси хурд” номидаанд.

Қалбҳои аз муҳаббат ва ифтихор  саршори миллати тоҷик нисбат ба устод Рӯдакӣ дар суханони зерини  Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд:

«Меҳри азалӣ  ба ватани аҷдодӣ, муҳаббат ба диёри бостонӣ, насл ба насл пос доштани забони шаҳдбору шоиронаи Рӯдакӣ  ва пайвандҳои ҳазорсолаи гузашаву имрӯза қутбнамое мебошанд, ки моро ба сӯи ояндаи нек ва бозёфтҳои тоза раҳнамоӣ мекунанд.

Бигзор дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи  Рӯдакии бузургвор ёру мададгор бошад. Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд боқӣ монад!».

Бисёр ҷолиб аст, ки ҳар сол ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳқиқот ва пажӯҳишҳои нав ба нави илмӣ интишор меёбанд. Имсол низ бо ташаббуси муассисаи нашриявии ”Адиб”  китоби бисёр пурарзиши “Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и Раҷабалӣ Қудратзода, ки  ба пажӯҳиши ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ бахшида шудааст, аз чоп баромад, ки рӯнамои он ду рӯз пеш дар қатори китобҳои дигари тозаинтишори  “Адиб” дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт. Бояд бо изҳори сипос гӯям, ки санаду андешаҳое  аз ин китоби пурарзиш дар мақолаи мо истифода шудааст.

Мавзӯи «Рӯдакӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» воқеан мавзӯи ҷолибест, ки ҳанӯз ногуфтаҳои зиёде дорад, ки таҷассумгари муносибати ғамхоронаву сиришти неки Сарвари давлатамон дар мавриди қадршиносии фарзандони бузурги миллатамон мебошад. Метавон аз муносибати ғамхоронаву олимонаи  Сарвари давлат  дар мавриди шинохту қадрдонии дигар фарзандони нобиғаи миллат, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯали ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода,  дигар бузургони илму адаб ва аслан муносибати нек ва сиришти олимонаашон нисбат ба фарҳангу маърифат ва илму адаби миллати бостониямон низ фаровон сухан ронд.

Хеле хубу ҷолиб аст, ки Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, рӯзҳои дигаре, ки дар онҳо бузургдошту барномаҳои илмию фарҳангии давлатамон пайваста таҷлил меёбанд, вомедоранд, ки мо дар ҳавои эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги куҳанбунёдамон зиндагӣ ва кор кунем. Зеро онҳо ҳама ҳадафҳои бузурги худшиносиро пайгирӣ мекунанд ва моро ба ваҳдату ягонагии миллӣ ҳидоят менамоянд.

                                                                                Камол НАСРУЛЛО,
                                            Шоири халқии Тоҷикистон,
                         барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
                                   ходими адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст